Сармураббии КМВА (клуби марказии варзиши артиш – ССКА)-и Душанбе Алиёр Ашӯрмаҳмадов баъд аз се шикасти пайдарҳами даста дар мавсими нави футбол аз вазифааш канор рафтааст.

Футболбозони артиш дар даври сеюми Coca-Cola-Чемпионати футболи Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ аз дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд бо натиҷаи 0:2 мағлуб шуданд. Шогирдони акнун собиқи Ашӯрмаҳмадов дар ду бозии аввал низ ба нокомӣ дучор шуда буданд. Дар даври аввал аз “Файзканд”-и Восеъ бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуданд ва дар бозии дуюм аз навдастаи Лигаи олӣ “Эсхата”-и Хуҷанд бо натиҷаи 1:4 шикаст ҳӯрданд.

Ҳоло вазифаи сармурббии даста бар уҳдаи Файзалӣ Давлатов гузошта шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь