Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам дар нишасти матбуотии кумитаи мазкур зикр кард, ки барои дар як ҳафта ду ё се маротиба нашр шудани рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” имкониятҳо ҳаст ва ин масъала мавриди баррасӣ қарор дорад.

Ӯ гуфт, дар ин самт мушкилот мавҷуд аст, вале роҳбарияти Кумита итминон дорад, ки дар такя ба ҳайяти эҷоди рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” масъаларо ҳаллу фасл хоҳад кард.

Рӯзномаи “ҶавонониТоҷикистон” – нашрияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърихи бой дошта, соҳибмактаб аст ва аксари журналистони варзидаи кишвар аз хатмкардаи мактаби мазкур мебошанд. Масъалаҳои вобаста ба таблиғи рӯзнома,  зиёд кардани теъдоди нашр ва баланд бардоштани сатҳи касбияти рӯзноманигорони ҷавон, инчунин дигар мушкилоти рӯзнома ҳар ҳафта дар ҷаласаи Кумита мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Ҳамзамон, раиси Кумита қайд кард, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати матолиби рӯзномаи“ ҶавонониТоҷикистон” зарур аст, ки журналистони ҳирфаӣ ҷалб карда шаванд.

Сармуҳаррири рӯзнома супориш гирифтааст, ки дар бахши такмили малакаву маҳорати ҳайяти эҷодӣ кор барад ва инчунин барои кор журналистони соҳибистеъдоди ҷавонро бештар ҷалб созад.

Блоки рекламавӣ

1 бинависед

  1. Агар хафтаномаи ЧТ ду се маротиба нашр шавад, чи дигаргуни дар хаёти чавонон хохад шуд, ба чуз аз афзоиши нархи обуна. Он дар фуруши озод нест, чавони рузномахон нест, чи лозим боз сохтору зерсохторхои давлативу гайридавлатиро бо обунапулии изофашуда сардард намудан. бехтараш сомонаро пуркувват кунед, маводи чалбкунанда гузоред. Максад аз нашри рузнома пур кардани бучаи Кумита набудагистку?

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь