Имрӯз, 1 апрел, дар ноҳияи Кӯшониён сафарбарии ихтиёрии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ва супоридани шаҳодатномаҳои ронандагӣ баргузор гашт.
Аз дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён хабар доданд, ки бо иштироки роҳбарияти ноҳия, кормандони комиссариати ҳарбӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, падару модарон ва ҷавонон дар назди бинои Кохи фарҳанг ва комиссариати ҳарбии ноҳия чорабинии тантанавии “Рӯзи даъватшаванда», бо гусели 76 ҷавон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар суханронии худ Вализода Икромиддин қайд кард, ки мо фаъолон, пеш аз ҳама вазифадоранд, ки дар таъмини иҷрои Фармони Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, ҳифзи муққадасоти миллӣ, амну субот ҳимояи марзу буми кишвар ва баланд бардоштани масъулияти ҷавонони азизи ноҳия тадбирҳои заруриро амалӣ кунанд.
– Мо дар шароите қарор дорем, ки Ватани азизамон ба марҳилаи нави тараққиёт ворид гардида, барои таҳкими сулҳу субот, озодӣ ва арзишҳои милливу давлатӣ қадамҳои боз ҳам устувортаре мегузорад, аз ин рӯ ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин марди ватандӯсту меҳанпараст муттаҳид шуда якпорчагии кишвари азизро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем, – гуфт ӯ.
Ҳамзамон, раиси ноҳия миннатдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ба тамоми волидони ҷавонони ихтиёрӣ сафарбаршуда баён намуда, ба ҷавонони сарбаланди ноҳия баҳри адои содиқонаи хизмати ҳарбӣ сарбаландӣ, тансиҳатӣ ва некномӣ таманно кард.
Сипас, собиқадорони ҷангу меҳнат, волидони даъватшавандагон ва ҷавонони сафарбаршуда баромад намуда, миннатдории худро ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои шароити мусоид фароҳам овардан ва дастгириҳои пайваста баён карданд. Ҷиҳати ҳавасмандии ҷавонон, дар рафти чорабинӣ марҳилаи аввали супоридани шаҳодатномаҳои хатми курси ронандагӣ ва шаҳодатномаи хатми омузишӣ касби кафшергарӣ низ аз тарафи роҳбарияти ноҳия ба ҷавонони даъватшаванда супорида шуд.
Модарони азизу меҳрубон анъанаҳои неки гузаштагонро ба ёд оварда, ҷавононро бо нону кулча гусел карданд.
Дар фарҷом, кормандони шуъбаи фарҳанги ноҳия бо барномаи рангини фарҳангӣ ва шеъру сурудҳои ватандӯстона ширкаткунандагони чорабиниро болидахотир карданд.