Аз 21 апрел ҳашт таркиш дар саросари Афғонистон рух дод. Ин дафъа ҳам ҳадафи аслӣ ҳазораҳо буданд ва мегӯянд кори дасти ҷаллодони ДОИШ дар ин кишвар аст

Сарчашмаҳо аз се шаҳри Афғонистон хабар медиҳанд, ки ҳудуди даҳ таркиши хурду бузург дар чаҳор вилояти ин кишвар ба вуқӯъ пайвастаанд, ки бештаринашон дар шаҳри Кобул ва аз ҳама пурқурбонӣ дар шаҳри Мазори Шариф  будааст.

Бино ба ин гузоришҳо, феҳристи таркишҳо чунин аст:

Таркиш дар вилояти Хугёнии Нангарҳор:

Таркиши минаи  магнитӣ, ки дар мошини Толибон сурат мегирад гирифт  ва 4 куштаву захмӣ ба ҷо гузошт

Таркиш дар чорроҳаи Қамбари шаҳри Кобул:

Наздики соати 11:30 пеш аз нисфирӯз дар муқобили мактаби хусусии “Талоши дониш”, ки марбути ҳазораҳо ҳисоб мешавад ва дар чорроҳаи Қамбар, ки ба ноҳияи Панҷуми шаҳри Кобул дохил мешавад, таркиш рух дод.

Вазорати дохилаи Толибон гуфтааст, ки дар ин таркиш ду кӯдак  захм бардоштаанд.

“Таркиш аз ҳисоби мина, ки дар гулдони канори ҷода ҷойги будааст, рух дод”, – гуфт ин манбаъ.

Таркиш дар Кӯтаи Сангии Кобул:

Таркиши мина дар ҷодаи Капмании наздикии Қалъаи Ниёзбек, минтақаи Кӯтаи Сангӣ, низ дар ноҳияи Панҷуми шаҳри Кобул рух дод. Бино ба иттилои сарчашмаҳо, 5 куштаву захмӣ аз миёни шаҳрвандони қаторӣ  гузоштааст.

Таркиш дар масҷиди Седӯкони шаҳри Мазори Шариф:

Наздикии соати 13 ба вақти Кобул, таркиш дар масҷиди Маҳдияи маҳаллаи Седӯкон, воқеъ дар шимоли Равзаи Шарифи шаҳри Мазори Шариф сурат гирифт.

Масҷиди Седӯкон, бузургтарин ва қадимитарин масҷиди шиъа ва ҳазораҳо дар маркази шаҳри Мазори Шариф аст. Таркиш замоне рух дод, ки намозгузорон дар масҷид  адои намози зӯҳр мекарданд.

Бино ба иттилои дақиқ аз шифохонаи Абуалӣ Синои Балхӣ дар Мазори Шариф, то соати 3. 30 ба вақти Кобул 31 нафар кушта шуда, 87 нафар захмӣ шудаанд.

Як манбаъ мегӯяд, вазъи захмиён, ки ҳама намозгузоронанд, бисёр бад аст.

“Тамоми утоқҳои шифохона аз захмӣ пур шуда, ҷойи холӣ боқӣ намондааст. Вазъияти захмиёни рӯйдод вазнин аст,”, – гуфт манбаъ.

Инфиҷор дар Қундуз:

Дар як мошини “Кастер” –и маъмурони давлатӣ дар шаҳраки Сари Давраи шаҳри Кундуз таркиш шуда аст, ки дар натиҷа 5 нафар кушта ва 6 тани дигар захмӣ шудаанд. Инҳо кормандони давлатие буданд, ки  ба мардуми фақир кумак мерасониданд. Ба қавли сарчашма, таркиш дар маҳалли расонидани кӯмак ва ҷое, ки мардум ҷамъ омада буданд, рух дод. Кушташудаҳо аксар мардуми одииянд.

Таркиш дар Форёб:

Дар пайи таркиши як мина чор толиб ҳалок шудааст. Тафсилоти дигар дастрас нест.

Таркиш дар Хушҳолхони Кобул:

Ҳеҷ гузорише аз талафот нест.

Таркиши дигар дар шаҳри Мазори Шариф:

Наздикии соати 19.00  як ракета дар минтақаи Заҳириддини Форёбии шаҳри Мазори Шариф зада шуд. Бинои ба гузоришҳои пешакӣ, се шаҳрванди одӣ захмӣ шудаанд.

Пас аз ин инфиҷор дар минтақаи Дашти Шӯр ва Кортаи сулҳи шаҳри Мазори Шариф як даргирӣ ба вуқуъ пайваст, ки гуфта мешавад, миёни афроди  Атомуҳаммади Нур ва Толибон сурат гирифтааст .

Гуруҳи террористии ДОИШ масъулияти ҳамла бар масҷиди шиаҳо дар Мазори Шарифро ба ӯҳда гирифт. Тарзи сурат гирифтани ин таркишҳо нишон медиҳад, ки ҳамаи ин ҳамлаҳои террористӣ низ кори дасти ин гурӯҳ шояд бошад.

18 апрел ин гуруҳи террористӣ ба марзҳои Ӯзбекистон ҳамлаи мушакӣ анҷом дода буд, ки дар посух Тошканд ду рӯз барои мустаҳкам кардани марзҳояш ҳудуди 60 тайёраву чархболи ҷангӣ фиристод.

19 апрел ДОИШ дар ду муассисаи таълимии ҳазораҳо дар минтақаи Дашти Барчии ғарби Кобул ду ҳамлаи интиҳорӣ анҷом дода, ҳудуди 60 нафар, умдатан мактабхонҳоро куштаву захмӣ кард.

22 апрел корбарони шабакаҳои иҷтимоии “Твитер”, “Фесбук”, “Инстаграм” бо шиори “ Аз қатли оми ҳазораҳо даст кашед” аз нигарониҳои хеш ба таркиши мактабу мадрасаҳо дарак дода, эътирози онлайнӣ доир карданд. Дар ҷараёни ин эътироз ширкаткунандагони он сабтҳои видиёиеро гузоштанд, ки дар он аъзои ҳаракати “Толибон” ошкоро мегуяд, ки қатли оми ҳазораҳоро дастгирӣ мекунад.

30 апрел бошад ДОИШ куштори се узви ҳаракати Толибонро дар Толиқон, дар маркази минтақаи Тахор  ба ӯҳда гирифтанд. Терористони ДОИШ ин се толибро дар як навори видеоӣ муртаду бехудо номиданд.Гардиши замонаро бинед, ки ҳамагӣ чанд сол пеш  зархаридони “Толибон” сарбозони давлатии Афғонистонро чунин меномиданд.

Ҳамин тавр, ДОИШ чун морони сари Заҳҳок дубора пайдо шуда, кудакони бегуноҳро мекушад ва вазъи минтақаро ноором мекунад.

Ба ҷуз аз ин, якбора вазъи сарҳади Афғонистон бо Покистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон бад шуд. Толибони “ ҳукуматдор” натавонистанд муносибати ҳасанаро бо ҳамсояҳо ба роҳ монанд, аз ин рӯ ин ҳолатро чашмдор шудан мумкин буд.

23 апрел дар натиҷаи ҳуҷуми шахсони номаълум аз ҷониби Афғонистон се сарҳадбони покистонӣ кушта шуданд.Ҷониби Покистон изҳор кард, ки умедвор аст дигар ин гуна ҳодичсаҳо рух намедиҳанд.

24 апрел бошад  оҷонсии иттилоотии Tasnim бо истинод ба намояндаи махсуси Президенти ҶИЭ Ҳасан Қосими Қумӣ аз муноқишаи рухдода дар сарҳади ҳарду кишвар хабар дод. Бино ба ин маълумот, сабаби ин ихтилоф ҷониби “Толибон” шудааст, ки мехост то дар маҳаллаи Докаруни Эрон корҳои сохтмонӣ анҷом диҳад. Ин ноҳия бо ноҳияи Ислом-қалъаи Афғонистон ҳамсарҳад аст.

Сарҳадбонони эронӣ бо роҳбарияти “Толибон” тамос гирифта, талаб карданд то корҳои сохтмонӣ қатъ карда шавад ва ихтилофи ба миён омада аз ҷониби комиссияи якҷояи баҳсҳои сарҳадии ҳарду ҷониб  баҳогузорӣ карда шавад.Ҷониби Эрон даъво дорад, ки сарҳадбонони “Толибон” ҳангоми корҳои сохтмонӣ ба ҳудуди кишвари онҳо ворид шудаанд. Ин муноқиша бо вуҷуди дар ҳолати “омода бош” будани сарҳадбонони ҳарду ҷониб, бо роҳи мусолиҳатомез анҷом ёфт.   Раиси Шӯрои раҳбарии Ҷамъияти исломии Афғонистон Атомуҳаммади Нур вобаста ба таркишҳои сурат гирифта, чунин гуфтааст:

“Тасаввури ботиле, ки гӯё Толибон бо ҳокимияташон дар баробари ДОИШ мубориза мекунанд, бо иқдомоти ахири Толибон нақши бар об шуд ва умедҳои ботилро ба яъс мубаддал кард.

Чӣ гуна метавон пазируфт, ки Толибон бо ҷо додани даҳҳо гурӯҳи террористӣ дар хоки Афғонистон, монанди Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (IMU), Ансоруллоҳи Тоҷикистон, ETIM ё Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ, Лашкари тайбаи Покистон, Таҳрики Толибони Покистон (TTP), ҳимоят аз шӯришгарони балуч ва… думболи мубориза бо терроризм ва ДОИШанд? Магар ДОИШ ва толиб ду падида ҳамзод нест? Ҳарду ҷуз рехтани хуни мардум, қатли оми бегуноҳон, қатлҳои ҳадафманд ва вайронӣ ҳадафу рӯйкарди дигаре доранд?

Барои Толибон ду нигоҳ нисбат ба ДОИШ вуҷуд дорад, гурӯҳе, ки дар канори инҳо бошад ва бо инҳо канор биёяд, “ДОИШи хуб” ва гурӯҳҳое, ки ҳатто дар сатҳи мухолифи сиёсиашон бошад, ба номи “ДОИШ” саркӯб, шиканҷа ва ба қатл мерасанд”, – гуфтааст раҳбари Ҷамъияти исломӣ.

“Фараж”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь