Масҷиди наву бузурги шаҳри Душанбе аввалҳои тобистони имсол ба фаъолият оғоз хоҳад кард. Ин замон сафари ҳайати расмии ҷониби давлати Қатар ба Душанбе дар назар аст.

Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода имрӯз, 3-юми феврал, дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, масҷиди мазкур аз рӯи лоиҳаи дуҷониба миёни Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон ва давлати Қатар бунёд гардидааст ва аз рӯи расмиёт бояд бо иштироки ҳарду ҷониб кушода шавад.

– Мувофиқи маълумот, дар семоҳаи дуюми соли равон бояд сафари ҳайати расмии ҷониби Қатар ба кишвар сурат бигирад ва эҳтимоли зиёд аст, ки ҳангоми ин сафари ин ҳайати расмӣ масҷид низ ифтитоҳ ёбад, – гуфт Давлатзода.

Тибқи маълумотҳо, барои сохтмони ин масҷид тақрибан сад миллион доллар сармояи давлати Қатар ва Тоҷикистон масраф шудааст.

Ёдовар мешавем, ки хишти аввали бунёди масҷиди мазкурро соли 2009 Президент Эмомалӣ Раҳмон, ҳангоми таҷлили 1310-солагии Имоми Аъзам дар Душанбе, гузошта, ҳамчунин, борҳо шахсан бо рафти сохтмони он шинос ва бо сохтмончиён суҳбату вохӯриҳо баргузор карда буд.  Масҷиди шаҳри Душанбе дар Тоҷикистону Осиёи Марказӣ бузургтарин ба ҳисоб меравад. Он аз 4 манораи баландиашон 65-метрӣ, гумбази 47-метрӣ, толори бузург ва толорҳои хурди намозгузорӣ, толору утоқҳои сершумор барои нишасту ҷаласаҳо иборат буда,  дар як вақт то 115 ҳазор намозгузорро меғунҷонад.

Феълан дар Тоҷикистон 49 масҷиди ҷомеи марказӣ, 327 масҷиди ҷомеъ, 3612 масҷиди панҷвақта, 66 ташкилоти динии ғайриисломӣ, 1 маркази исломӣ ва 3 ҷамоатхона, дар маҷмуъ 4058 адад иттиҳодияи динӣ фаъолият доранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь