Рӯзи сеюми Чемпионати ҷаҳонии футбол дар Қатар бе шигифтиву ҳангома набуд.

Дар ин рӯз олами футбол аз кори арабҳо шигифтзада шуд, зеро онҳо ҳангома карда, Аргентинаро ба зону шинонданд. Арабистони Саудӣ бо натиҷаи 2:1 Мессӣ ва ҳамдастаҳояшро шикаст дод. Кӣ бовар мекард? Дар хабар аст, ки имрӯз ба ин хотир дар Саудӣ рӯзи истироҳат эълон шудааст.

Ду бозии дигари ин рӯз бе шигифтӣ ва ҳангома ва ҳам бе задани гол ба охир расиданд, ки дар тақвими бозиҳо намебуданд, ҳам боке набуд. Мексика бо Лаҳистон ва Дания бо Тунис мусовӣ бозӣ карданд, ки мухлисон аз натиҷаи бозиҳо шигифтзада шуданд. Наход 90-100 дақиқа дар майдон давию ягон гол ҳам назанӣ! Левандовскийро намегӯед, аз пеналтӣ гол зада натавонист, аз бозӣ чӣ тавр метавонад?!

Шигифтӣ дар бозии чоруми рӯзи сеюм ин буд, ки Австралия аввалин шуда ба дарвозаи чемпиони феълии ҷаҳон – Фаронса гол зад, аммо баъд Жиру бо Мбаппе ва Рабйо ҳисобро 4:1 карданд. Баъзе аз мухлисони бехабар чун Карим Бенземаро дар ҳайати Фаронса надиданд, шигифтзада шуданд. Карим дар тамринҳои даста осеб бардошт ва эҳтимол дорад, ки дар ин мусобиқа ширкат накунад, аммо сармураббӣ Дишам ҳанӯз ба баргашти Бензема умед дорад, чун вақт дошт, ки каси дигареро ба ҷойи ӯ ба ҳайат ҷалб кунад, аммо накард.

Охируламр ба як шигифтие, ки дирӯз гуфта будем, рӯшанӣ андохта шуд. Маълум шудааст, ки дар ин мусобиқа як довари иловагие кор мекунад, ки вақти талафшударо ҳисоб хоҳад кард. Ёвари довар вақти дар ҷашни голҳо сарфшуда, ҳама санҷишҳои VAR, таваққуфҳо пас аз зарбаи ҷаримавӣ, ивазкунӣ, баҳсҳо ҳангоми нишон додани ҳама гуна кортҳо ва берун рафтани бозигарони хориҷшуда аз майдон (баъзан тӯлонӣ), расонидани ёрии тиббиро ҳисоб мекунад. Ин аст, ки ба бозиҳо 8-10 ва ҳатто 14 дақиқа илова карда мешаванд.

Дар пасманзари ҳамаи ин шигифтиҳо хабаре, ки олами футбол интизораш буд, дирӯз ба гӯш расид. Клуби «Манчестер Юнайтед» пеш аз муҳлат шартномаашро бо португалӣ Роналду қатъ кард. Гуфта мешавад, ки тарафҳо бо ҳусни тафоҳум аз ҳам ҷудо шудаанд.

Хулоса, имрӯз бояд омодаи шигифтиҳои нав шуд, чун соати 15:00 (Душанбе) Марокаш бо Хорватия, соати 18:00 Олмон бо Ҷопон, соати 21:00 Испания бо Коста-Рика ва соати 23:59 Белгия бо Канада бозӣ мекунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь