Дирӯз дар кишвари Қатар вохӯрии ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол байни дастаҳои Аржантин ва Фаронса баргузор шуд, ки бо пирӯзии футболбозон аз Амрикои Ҷанубӣ хотима ёфт.

Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби 2:2 ба охир расид ва замони иловагӣ низ ғолибро маълум накард – 3:3. Он гоҳ дастаҳо ба задани пенолтӣ шуруъ карданд. Бозигарони Ажантин як дафъа дар задани зарба хато карданд, фаронсавиҳо ду маротиба ва ҳамин тавр бо ҳисоби 4:2 Мессӣ ва ҳамдастаҳояш қаҳрамони ҷаҳон шуданд.

Лео Мессӣ беҳтарин бозигари мусобиқа дониста шуд ва мукофоти «Тӯби тило»-ро соҳиб шуд. Килиан Мбаппе аз дастаи Фаронса беҳтарин нишонзани Ҷоми ҷаҳон-2022 эълон гардид ва ҷоизаи «Кафши тило»-ро гирифт. Дарвозабони Аржантин Дамиан Мартинес дарвозабони беҳтарин шуд ва ҷоизаи «Дастпӯши тило» гирифт. Энсо Фернандес аз Аржантин беҳтарин бозигари ҷавони мусобиқа дониста шуд.

Дастаи мунтахаби Аржантин маротибаи сеюм аст, ки дар Ҷоми ҷаҳонии футбол пирӯз мешавад.

Дастаи Фаронса, ки соли 2018 қаҳрамони ҷаҳон шуда буд, натавонист ин унвонро ҳифз кунад.

Дар бозӣ барои ҷойи сеюм дастаҳои Марокеш ва Крувосӣ талош карданд. Аврупоиҳо тавонистанд, ки бо натиҷаи 2:1 пирӯз шаванд. Крувосӣ дар соли 2018 дар бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳон аз Фаронса мағлуб шуда буд. Марокеш ягона дастаи африқоист, ки то даври нимниҳоии Ҷоми ҷаҳон расидааст ва дар бозӣ барои ҷойи сеюм ширкат кардааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь