Ҷоми ҷаҳонии футбол, ки дар кишвари Қатар идома дорад, ба марҳилаи чорякниҳоӣ расид.

Дар рӯзи аввали марҳилаи ҳаштякниҳоӣ Нидерланд дастаи Иёлоти Муттаҳидаро бо натиҷаи 3:1 шикаст дод,  Оржентин бо натиҷаи 2:1 Устролиёро ноком кард.

Дар рӯзи дуюм Фаронса бе мушкил бо ҳисоби 3:1 Лаҳистонро мағлуб кард ва Инглис ба дарвозаи Сенегол 3 тӯби беҷавоб зад.

Дар бозии Ҷопон  ва Крувосӣ ҳисоб 1:1 шуд ва бо задани пеналтӣ бозӣ бо натиҷаи 3:1 бар нафъи аврупоиҳо ба анҷом расид. Брозил Куриёи Ҷанубиро бо ҳисоби 4:1 торумор кард.

Рӯзи охир Марокаш бо Испониё 0:0 кард ва бо пеналтӣ бо натиҷаи 3:0 дастболо шуд. Портуғол дарвозаи Суисро голборон кард – 6:1. Гонсалу Рамуши 21-сола ҳет-трик кард.

Дар даври чоякниҳоӣ Нидерланд бо Оржентин, Фаронса бо Инглис, Крувосӣ бо Брозил, Марокаш бо Портуғол бозӣ мекунанд. Бозиҳо 9 ва 10-уми декабр баргузор мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here