Дар иҷлосияи бистудуюми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум таҳти раёсати раиси вилоят, раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, баргузор гардид, Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд.
Аз МИҲД-и вилояти Хатлон хабар доданд, ки дар қисмати маъалаҳои ҷорӣ қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз 25 сентябри соли 2024, №502 «Дар бораи номгузорӣ намудани Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Хол Давлатманд» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар бораи ин мутобиқи моддаи 21 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009, №609 «Дар бораи тасдиқи Тартиби номгузорӣ ва дигар кардани номи корхонаҳои давлатӣ, истгоҳҳои роҳи оҳан, фурудгоҳҳо, ташкилоту муассисаҳо, таълимгоҳҳо, инчунин объектҳои физикию ҷуғрофӣ» ва моддаҳои 8, 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон қарор қабул кард. Ҳама вакилон якдилона овоз доданд ва Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Хол Давлатманд гузошта шуд.
Ҳофизи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи устод Абӯабдулло Рӯдакӣ, профессори Консерваторияи миллии Тоҷикистон, узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва иштирокчии даҳҳо фестивалҳои минтақавию байналмилалӣ устод Давлатманд Хол дар ҷодаи мусиқӣ ва санъат яке аз нобиғаҳои барҷастаи Шарқ ба шумор рафта, давоми умри бобаракат оҳангҳои зиёди руҳбахш эҷод намуда, мактаби бузурги фалаксароиро ривоҷу равнақ бахшид, шогирдони зиёдеро дар ҷодаи санъат ба воя расонида, аз хеш номи неку ҳунари воло ба мерос гузошт.
Давлатманд Холов, овозхон ва фалаксарои маъруфи тоҷик шаби 18-уми феврал, дар синни 74-солагӣ, аз олам даргузашт.