Қурби рубл дар чанд рӯзи охир таносубашро нигоҳ дошт, вале қурби доллар чор банди дарсадӣ кам шудааст. Бонки миллии Тоҷикистон қимати асъори хориҷиро барои имрӯз, 25-уми май, эълон кард.

Ба иттилои манбаъ, барои имрӯз 1000 рубли русӣ ба 173 сомонӣ баробар аст ва 100 доллар 1140 сомонӣ нарх дорад. Дар чандрӯзаи ахир қимати рубл бетағйир мондааст, вале доллари амрикоӣ 40 сомонӣ кам шудааст.

Дирӯз, ба иттилои Бонки миллӣ, қурби 100 доллар 1180 сомонӣ буд.

Гуфта мешавад, имрӯз дар “бозори сиёҳ” барои 1000 рубл 180 сомонӣ пешниҳод карда, 183 сомонӣ мефурӯшанд. Дар ин баробар, 100 долларро 1 ҳазору 110 сомонӣ харида, 1 ҳазору 125 сомонӣ ба фурӯш гузоштаанд.

Евро ҳам тибқи қурби Бонки миллӣ дар ҳоли тағйирёбист. Имрӯз 1 евро ба 12,21 сомонӣ баробар буда, дирӯз он 12,57 сомониро ташкил медод.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here