Як даст асноди нави махфии Амрико дар бораи Украина дар интернет нашр шуд. Ҳуҷҷатҳо (баъзеҳо рамзи «комилан махфӣ» доранд) тасвири муфассали ҷанги Украинаро бо графикҳо ва даҳҳо ихтисороти норавшани низомӣ тасвир мекунанд. Мақомоти Пентагон гуфтаанд, ки аснод ҳақиқианд.

Тибқи навиштаи Bloomberg Law, Пентагон ифшои асноди махфиро тасдиқ кард. Крис Мигер, ёвари Пентагон гуфт, дар натиҷаи ифшои асноди махфӣ маълумоти ниҳоят махфӣ ва комилан махфӣ, ки барои амнияти миллии ИМА хатари ҷиддӣ дорад ва аз ҷониби вазорати дифои ИМА ва дигар ниҳодҳои давлатӣ истифода шудааст, нашр шуд.

“Департаменти мудофиа шабонарӯзӣ кор мекунад, то миқёс ва мизони паҳншавиро омӯзад… Мо то ҳолчӣ гуна рух додааст ва инчунин дараҷаи мушкилоти онро таҳқиқ мекунем”, – гуфт Мигер.

Ҳамзамон вазорати хориҷаи Амрико гуфтааст, ки ифшои маълумот ба ҳимоят аз Украина таъсире нахоҳад дошт.

Ҷон Кирбӣ, ҳамоҳангсози стратегии Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед рӯзи душанбе гуфт, Вашингтон қасд дорад пуштибонии Украинаро “то даме, ки лозим шавад” идома диҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь