Барои озмуни Ҳизби аграрии Тоҷикистон

Чунин ба назар менамояд, ки даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи артиши мамлакат хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Яъне, дар рӯзҳои аввали даъват аллакай чандин шаҳру навоҳии мамлакат ҳатто аз иҷро гардидани нақшаи даъват хабар доданд.

Сабаби якбора ба хизмати аскарӣ рафатани ҷавононро бештар аз ҳама соҳибназарон дар он медонанд, ки марзҳо баставу даъватшавандаҳо дигар роҳи гурез надоранд. Аз ин рӯ маҷбуранд бояд  қарзи шаҳрвандии хешро иҷро намоянд.

Воқеан, чаро ҷавонони тоҷик намехоҳанд ба аскарӣ раванд? Ин дар ҳолест, ки дар дигар давлатҳо, дур намеравем, наздиктарин ҳамсоякишвари мо Ӯзбакистон барои хизмат ҷавонон дар навбат меистанд.

Ин дар ҳолест, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ”  бисёр имтиёзҳоро, барои хизматчиёни ҳарбӣ муқаррар намудааст. Аммо ба андешаи коршиносон, дар бештар маврид на ҳама хизматчиёни ҳарби шарҳи қонунро медонистаанд. Дар зер танҳо як моддаи қонуни мазкурро меорем, ки чанд имтиёзҳоеро барои хизматчиёни ҳарбӣ пешбинӣ намудааст:

Моддаи 12.  Пардохтҳои иловагӣ

  1. Ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро мувофиқи даъват адо мекунанд ва курсантҳои муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти касбӣ ҳангоми рафтан ба рухсатии асосӣ, ҳамчунин ба рухсатии беморӣ (дар асоси хулосаи комиссияи тиббии ҳарбӣ) ба андозаи на камтар аз як маош (таъминоти пулӣ) пардохта мешавад.
  2. Ҳангоми рафтани хизматчиёни ҳарбие, ки бо тартиби ихтиёрӣ хизмати ҳарбиро адо мекунанд, ба маҳалли нави хизмати ҳарбии дигар маҳалли аҳолинишин, аз ҷумла ба қаламрав ё аз қаламрави давлати хориҷӣ, вобаста ба таъин шудан ба вазифаи ҳарбӣ, дохил шудан ба муассисаи таълимии ҳарбии таҳсилоти касбӣ, ки мӯҳлати таҳсилаш зиёда аз як солро ташкил мекунад ё ки вобаста бо тағйири ҷои қисми ҳарбӣ ба онҳо чунин намуди иловапулиҳо пардохта мешаванд:

– мададмаош ба андозаи як маош (таъминоти пулӣ) ба хизматчии ҳарбӣ ва нисфи маош (таъминоти пулӣ) ба ҳар як аъзои оилаи хизматчии ҳарбие, ки ба маҳалли нави хизмати ҳарбии хизматчии ҳарбӣ ё ба маҳалли аҳолинишини ба ҷои номбурда наздик ё ки (аз набудани  хонаи истиқоматӣ) ба дигар маҳалҳои аҳолинишин мераванд. Мададмаоши номбурда ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро дар маҳалҳои баландкӯҳ ва маҳалҳои дорои шароити номусоиди иқлимию экологӣ адо мекунанду ба таъминоти пулии онҳо коэффисиенти минтақавӣ (барои адои хизмати ҳарбӣ дар минтақаҳои баландкӯҳ) муқаррар гардидааст, бо назардошти ин коэффисиент пардохта мешавад;

– ба андозаи меъёри устувори маоше (пули харҷи рӯзмаррае), ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони ба сафари хизматӣ раванда барои ҳар рӯзи дар роҳ  будани хизматчии ҳарбӣ ва ҳар як аъзои оилаи хизматчии ҳарбие, ки бо ӯ ҳамроҳ меравад, муқаррар карда шудааст.

  1. Хизматчиёни ҳарбие, ки  хизмати  ҳарбиро  бо  тартиби  ихтиёрӣ  адо  мекунанд,  ғайр  аз  курсантҳои  муассисаҳои  таълимии  ҳарбии  таҳсилоти   касбӣ,   ҳуқуқи   гирифтани   қарзҳои   бефоизро   ба   андозаи   то   12   маош (таъминоти  пулӣ)   ба   мӯҳлати   то  се  сол    барои харидани асбобу анҷоми ниёзи аввалин аз ҳисоби маблағи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (вазорату идораҳое, ки тибқи қонун дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст) дар яке аз  ҳолатҳои зерин доранд:

– дар давоми се моҳи баъди таъин шудан ба вазифаи ҳарбӣ пас аз хатми муассисаи таълимии ҳарбии таҳсилоти касбӣ ва вобаста ба ин гирифтани рутбаи ҳарбии афсарӣ;

– дар давоми се моҳи баъди ба вазифаи ҳарбӣ таъин шудани хизматчиёни ҳарбӣ ё шаҳрвандоне, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёрӣ адо мекунанду хоҳиши адои хизмати ҳарбиро ба мӯҳлати 5 сол ва аз ин зиёда изҳор менамоянд;

– дар давоми се моҳи баъди  бастани ақди никоҳи аввалин.

Ҳангоми аз рӯи якчанд асосҳо ба гирифтани қарзи номбурда ҳуқуқ пайдо кардани хизматчии ҳарбӣ ба вай қарз танҳо аз рӯи як асос ва як маротиба дар давраи адои хизмати ҳарбӣ дода мешавад.

  1. Ба афсароне, ки ба хизмати ҳарбӣ даъват шудаанд, пардохтпулиҳои муқаррарнамудаи моддаи мазкур дода намешаванд.
  2. Ба хизматчиёни ҳарбие, ки ба сафари хизматӣ фиристода мешаванд, хароҷоти сафари хизматӣ бо тартиб ва андозаи муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.
  3. Ба ғайр аз пардохтҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизматчиёни ҳарбӣ иловапулӣ ва дигар навъи пардохтҳо метавонад муқаррар карда шавад. Иловапулӣ ва пардохтҳои номбурда вобаста ба мураккабӣ, меъёр ва аҳамияти иҷрои вазифа аз тарафи хизматчиёни ҳарбӣ мутаносибан муқаррар карда мешаванд.
  4. Ба ғайр аз пардохтҳои иловагие, ки дар моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, дигар пардохтҳои иловагие, ки қаблан тибқи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуда буданд, нигоҳ дошта мешаванд.

Имтиёз дар қонун ҳаст дар амал чӣ?

Ҳамчунин моддаи 13. Таъминоти озуқа ва молу мулки шайъӣ, хизматрасонии маишию савдоии хизматчиёни ҳарбӣ, моддаи 14. Ҳуқуқ ба манзил ва моддаи 18. Рафту омад дар нақлиёт ва ғайраро кафолат додааст, ки чанд имтиёз барои хизматчиёни ҳарбӣ муайян ва муқаррар карда шудааст.

Вале дар ҳамин ҳол андешаҳое ҷой доранд, ки на ҳама ва на ҳамеша имтиёҳзои дар ин қонун овардшуда иҷрову барои хизматчиёни ҳарбӣ пешкаш карда мешаванд.

Як нафар аз чунин хизматчии ҳарбӣ ба шарти наовардани номаш гуфт, мисол ман барои гирифтани қарзи бефоиз аз бонк чанд сол пеш ариза дода будам. Аммо он амалӣ ва дастгирӣ нашуд. Дар қонун менависанд, аммо барои амалишавии он маблағ ҷудо намешад, мегӯяд ин нафар.

Аммо бо ин вуҷуд чанд сол аст, ки гурӯҳе мехоҳанд дар кишвар хизмати алтернативиро ба роҳ монанд. Чанд сол пеш як ташкилоте бо номи “Ампаро” ҳатто лоиҳаи қонуни хизмати алтернативиро пешниҳод намуда буд.

Ҳатто як сол пеш овозаи аз 2 сол то ба 1,5 сол кам кардани мӯҳлати хизмати аскарӣ вирди забонҳову дар сархати расонаҳо қарор гирифт.

Коршиносон чанд мисолеро барои ҷалби ҷавонон ба хизмати аскарӣ ва хизмати алтернативӣ пешниҳод намудаанд.

– Агар ҷавоне намеҳоҳад ба аскарӣ равад, бигзор маблағи муайянеро  ба давлат пардохт кунад. Бояд гуфт, ки аз ин ҳисоб ҷалби ҷавонони хоҳишманд ба хизмати ҳарбӣ тариқи шартнома ба роҳ монда шуда, афасрон соҳиби маоши хуб мегарданд.

– Онҳое, ки ихтиёран ба хизмат мераванд, бо роҳҳои гунонун аз қабили мукофотпулӣ ё дигар тӯҳфаҳо ҳавасманд карда шаванд.

– Бе хизмати аскари ягон ҷавон ба корхонаҳои давлатӣ ва донишгоҳҳо қабул карда нашаванд.

– Ба ҷавононе, ки хизмати аскариро адо намудаанд, барои ба кор қабул намудан дар ҳама ҷо, бартарӣ дода шавад.

– Хизмати аскарӣ аз 2 сол то ба 1 сол кам карда шавад.

Беҳтар кардани шароити иқтисодиву ичтимоии хизматчиёни ҳарбӣ низ метавонад яке аз василаҳои ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ гардад. Яъне он бартариву имтиёзҳое, ки дар қонун оварда шудааст, бояд дар амал татбиқ кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь