Аз оғози моҳи июн содироти гелос аз ноҳияи Ашт ба дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз гардид. Дар бора харидорони ин меваи тар ба мо иттилоъ доданд.

Бино ба гуфти савдогарон онҳо гелосро аз ҷамоатҳои ноҳияи Ашт харидорӣ карда, ба бозорҳои шаҳри Хуҷанд ва шаҳри Бохтари вилояти Хатлон мебароранд. Савдогарон арзиши 1 килограм гелосро дар  ҳудуди ноҳияи Ашт то 11 сомонӣ боло бардоштаанд. Онҳо гелосро аз сокинони маҳаллӣ, ки дар замини наздиҳавлигӣ парвариш мекунанд, мехаранд. Ба гуфти харидорон дар ҳамин шабу рӯз арзиши 1 кило гелос дар шаҳри Бохтар аз 20 сомонӣ боло будааст.

Солҳои қаблӣ, ки роҳи заминӣ боз буд, содироти гелос ба хориҷ сурат мегирифт. Арзиши 1 кило гелос он замон дар ноҳияи Ашт аз 15 то 25 сомонӣ буд. Бозори ин меваи тар соли ҷорӣ назар ба солҳои қаблӣ андаке коста гаштааст.

Саодат Исмоилӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь