17-уми июн раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо аз рафти иҷрои корҳо дар иншооти ҷашнии ноҳия ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон боздид ба амал овард. Дар ин бора дафтари матбуоти ин ноҳия хабар медиҳад.

Раиси ноҳияи Ашт аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-и ҷамоати деҳоти Ашт, беморхонаи минтақавии №5-и ҷамоати деҳоти Понғоз дидан карда, барои ҷоннок кардани корҳои ободонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ ба масъулин супоришҳо додааст.

Дар ин рӯз ҳамзамон Зариф Мирдадо аз сохтмони пул дар деҳаи Пискокати ҷамоати деҳоти Ашт, ки бо иқдоми сокинону саховатмандон бо маблағаи 130 ҳазор сомонӣ бунёд мешавад, дидан кардааст.  Пул 14-метр дарозӣ дошта, паҳноияш 4 метрро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Ашт дар гузашта низ бо дастгирии ҳукумати ин ноҳия сокинону бошандагони ҷамоатҳо пулҳо сохтаанд.

С. Исмоилӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь