Ба муносибати таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва ободу зебо гардонидани ватан корҳои ободонӣ дар шаҳраку деҳоти дурдасти Тоҷикистон идома доранд.

Сохтан ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани майдончаҳои варзишии хуштарҳу замонавӣ дар деҳотҳои дурдасти шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ идома доранд.

Тайи се соли охир бунёди чунин майдончаҳои варзишӣ, аз ҷумла дар ноҳияи Ашт низ, афзуда, танҳо дар ҷамоати деҳтои Понғоз се майдончаи варзишӣ барои бозии футбол мавриди истифода қарор дода шуданд. Ҳар се майдонча дар деҳаҳои Понғоз, Саро ва Ровакон дар шафати роҳи асосии ҷамоати Понғоз бунёд шудаанд. Шомгоҳон сокинони деҳаҳо барои тарғиби тарзи ҳаёти солим дар майдончаҳо ҷамъ омада бозӣ ташкил мекунанд.

Чунин майдончаҳои варзишӣ дар ҷамоатҳои Шодоба, Меҳробо низ бунёд гардида, ба истифода дода шудаанд.

Саодат Исмоилӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь