Бино ба иттилои Зафар Дадоматов, сардори Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар ноҳияи Ашт, дар нимсолаи аввали соли 2022 байни кӯдакон бемории сил  ба қайд гирифта нашудааст.

– Бисёр хушҳолкунанда аст, ки бемории сил байни кӯдакон дар ҳудуди ноҳияи мо ба қайд гирифта нашуд. Волидон кӯдаконашонро меоранд аз ташхис мегузаронем натиҷаи ташхис хуб мебарояд, – мегӯяд Зафар Дадоматов.

Ин натиҷаи хуб дар соли 2022 заҳмати аҳли кормандони Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар ноҳияи Ашт аст, ки онҳо баҳри баланд бардоштани дониши мардум нисбат ба бемории сил пайваста чорабиниҳои иттилоотӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

Саодат ИСМОИЛӢ,

узви коршинрсони эҷодии Ассотсиатсияи ҳамкорони пешгирии бемории сил дар Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь