Беморхонаи ҷамоавии ҷамоати деҳоти Понғоз яке аз иншоотҳои ҷашнӣ ба муносибати таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бинои беморхонаи мазкур, ки дар деҳаи Понғоз ҷойгир аст, аз ду ошёна ва се бинои алоҳида иборат мебошад.

Ҳоло бо ҷалби зиёди ороишгарон корҳои ороишӣ дар сохтмони бино ва саҳни он босурат ҷараён дорад.

Тибқи мушоҳидаҳо дар як моҳи охир корҳои сохтмонии бино суръат дода шуда, масъулин низ пайваста аз ҷараёни корҳо назорат мебаранд. Раиси ҷамоати Понғоз Бахтиёр Турсунзода зуд-зуд аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва корҳои анҷомшуда дидан мекунад.

Як иншооти дигари ҷашнӣ сохтмони бинои мактаби наву замонавӣ дар деҳаи Бободархони ҷамоат аст, ки аз ду ошёна иборат мебошад. Корҳои асосии сохтмони бино ба анҷом расида, танҳо корҳои ороишии он боқӣ мондааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь