Ба иттилои хабаргузории «Тулуънюз» Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон, асри дирӯз дар маросим бузургдошти рӯз ҷаҳонии ҷавонон дар Арк гуфта, ки ҷонишини ӯро мардуми Афғонистон таъйин мекунанд ва ӯ ин ҳақро ба ҳеҷ касе дигар нахоҳанд дод.

– Бархиҳо мегӯянд, ба хусус ҳамсояи мо, ки агар Ашраф Ғанӣ набошад ва ё чавкиро раҳо кунад, ҳама чиз дуруст мешавад ва сулҳ меояд. Суоли ман ва миллионҳо афғон ин аст, ки ҷонишини ман чӣ касе хоҳад буд ва чи гуна таъйин мешавад? Мардуми Афғонистон ҳар рӯз бихоҳанд ҷонишини манро таъйин кунанд, ба сари чашм, аммо ин ҳақро ба касе дигар намедиҳам, ки роҳбари миллии Афғонистонро таъйин кунад, – гуфтааст Ашраф Ғанӣ.

Ин хабар дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки аз дирӯз изҳороти гуногуни мақомҳои хориҷӣ дар мавриди аз қудрат канор рафтани Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон, зиёд мешавад.

Дирӯз, Имрон Хон, нахуствазири Покистон, ба хабарнигорон дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки то даме Ашраф Ғанӣ сари мансаби президенти Афғонистон аст, ҳаракати тундгарои “Толибон” бо ҳукумати ин кишвар ба гуфтушуниди мусолиматомез нахоҳад пардохт.

Шоми дирӯз, расонаҳои амрикоӣ хабар доданд, ки вазирони корҳои хориҷӣ ва дифои Амрико дар тамосҳои телефонии ҷудогона аз Ашраф Ғанӣ хостаанд, ки канор биравад то “Толибон” бар сари мизи музокирот биншинанд.

М. Наҷибӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь