Бо ташаббуси ҳукумати кишвар 16 ноябри соли 2001 ба ансамбли “Фалак” мақоми давлатӣ дода шуд ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2007, ҳар сол 10-уми октябр ҳамчун Рӯзи Фалак ҷашн гирифта мешавад. Ба ин хотир дар Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб чорабинии бошукӯҳ бахшида ба Рӯзи фалак баргузор гардид.

Пеш аз оғози барномаи консертӣ дар саҳни Қасри фарҳанг намоиши ҳунарҳои мардумӣ ба мисоли чакан, тоқӣ, гулдӯзиҳои миллӣ, асбобҳои миллии доира, таблак, лабчанг, сабадбофӣ ва муаррифии китобҳо доир ба Ҷашни фалак ва тафсири фарҳангшиносӣ аз тарафи китобҳонаҳои шаҳрӣ ва минтақавӣ, баргузор карда шуд. Меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинӣ аз ин намоиш дидан намуданд. Дар ин ҳамоиши миллӣ муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо иштирок дошта, зимни суханронии худ дар бораи иқдоми сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид гардидани «Фалак» ибрози ақида намуд.

– Ин навъи санъати халқӣ бо заҳмату кӯшишҳои як зумра санъаткорон ва фалаксароёни машҳури тоҷик, аз ҷумла Карими Шиш, Акашариф Ҷӯраев, Одина Ҳошим, Абдулло Назрӣ, Файзалӣ Ҳасанов, Давлатманд Холов, Дона Баҳром, Гулчеҳра Содиқова ва дигарон аз асри гузашта то замони мо ривоҷу равнақ ёфт ва имрӯз машҳури олам гардид, – зикр кард ӯ.

Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушду нумӯи жанри мусиқии фалак пайваста тавваҷуҳ зоҳир менамояд. Маҳз чунин ташаббусҳои созанда боис гашт, ки минбаъд фалак аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун мероси фарҳанги умумибашарӣ эътироф гардад. Мусиқии фалак ҳамчун падидаҳои марказии мусиқии тоҷикони кӯҳистон дорои беш аз 12 сабк мебошад, аз ҷумла фалаки даштӣ, фалаки равона, фалаки роғӣ, фалаки паррон, фалаки қаландарӣ, фалаки сафарӣ, фалаки ғарибӣ, бепарвофалак, фалаки мотамӣ, фалак-муноҷот, фалак- оҳ ва фалак-мадҳия. Ансамбли “Фалак”- и назди Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб бо қарори раиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз 10-уми марти соли 2004, №55 таъсис дода шуда, имрӯз ҷиҳати эҳё ва ҳифзи гиромдошти мероси маънавии ниёгон, тарғибу ташвиқи санъати волои ниёгон, тараннуми санъати ҷовидонаву ҷаҳоншумули халқи тоҷик саҳми босазо гузошта истодааст.

Тибқи барномаи чорабинӣ ба кормандону ҳунармандони фаъоли соҳаи фарҳанги шаҳру минтақаи Кӯлоб барои хизматҳои назаррас дар соҳаи фарҳанг бо сипоснома ва ифтихорномаи раиси шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ шуданд. Дар анҷоми чорабинӣ барномаи консертии ҳунармандони ансамбли «Фалак»-и шаҳри Кӯлоб пешкаши меҳмонону иштирокчиён гардонида шуд.

Мавлуда Гулова,

“Фараж”, Хатлон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь