Субҳи имрӯз ҷасади боз як қурбонии ҷанги Русияву Укроин Қаноатов Субҳиддин Иноятович аз Русия ба Тоҷикистон оварда шуд. 

Субҳиддин Иноятович 12-уми апрели соли 1981 дар деҳаи Артучи шаҳри Панҷакент ба дунё омадааст. Зиёда аз 20 сол аст, ки дар Федератсияи Русия кору фаъолият дошт ва шаҳрвандии ин кишварро қабул карда буд. Ӯро охири моҳи август ба сафи артиш ҷалб карда, баъди якуним моҳи омӯзишӣ, нимаҳои моҳи октябр ба ҷанги Укроин ба вилояти Харков фиристоданд. Тибқи нақли хешовандонаш, ӯ разведкачӣ буд ва як гуруҳи 28-нафараро роҳбарӣ мекарду дар сафи пеши ҷанг қарор дошт. Субҳи 3-юми ноябр гуруҳи онҳо дар ноҳияи Изюмовский дар деҳаи Першотравнево мавриди ҳамлаи дронҳо қарор гирифт ва ҳамаи 28 нафар кушта шуданд.

Субҳиддин дорандаи ордени “Барои шуҷоат” аст. Аз Субҳиддин чор фарзанд, 2 писар ва 2 духтар, боқӣ мондаанд, ки фарзанди калонӣ 11-сола буда, хурдӣ ҳамагӣ 4-моҳа аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь