Қабри панҷ нафар аз чеҳраҳои маъруфи Тоҷикистон, ки аз Боғи Устод Айнӣ кӯчонида шуда буданд, дар қабристони Лучоби Душанбе пайдо шудаанд. Дар ин бора АИ “АП” бо гузориши аксӣ хабар дод. Гуфта мешавад, ки гӯри қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров дар байни онҳо ба назар намерасад.

Кӯчонидани ин марқадҳо дар моҳи гузашта амалӣ шуда буданд, аммо касе дуруст намедонист, ки ба куҷо интиқол меёбанд. Дар Боғи Айнӣ, ки дар шимоли Душанбе ҷойгир аст, ба ҷуз аз марқади худи Устод, гӯри қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров, роҳбари кишвар дар солҳои 60-70-и асри гузашта Ҷаббор Расулов, шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода, академик Муҳаммад Осимӣ, фарзанди Устод Камол Айнӣ ва ҳамсари ӯ Муқаддима Ашрафӣ низ ҷой доштанд. Тасмим шуда буд, ки ба ғайр аз марқади Устод Айнӣ дигар ҷасадҳоро аз ин мавзеъ ба дигар ҷой мебаранд.

Ҳоло марқади панҷ нафар – Ҷаббор Расулов, Боқӣ Раҳимзода, Муҳаммад Осимӣ, Камол Айнӣ ва Муқаддима Ашрафӣ дар маркази қабристони Лучоб сохта шудаанд. Қабри Бобоҷон Ғафров дар байни онҳо нест. Шояд аслан марқади Ғафуровро аз Боғи Айнӣ берун набурдаанд? Айни ҳол дар Боғ корҳои азнавсозӣ идома доранд ва баъди анҷоми он маълум мешавад, ки Устод Айнӣ дар ин макон танҳоянд, ё бо Ғафуров ҳамсоягӯр ҳастанд.

Аз интиқол додани ҷасадҳо ҳеч кадоме аз аъзои хонаводаи марҳумон хабар надоштаанд. Дар ин кор фарзандону набераҳои Ҷаббор Расулов аз кӯчонидаи қабри ӯ эътироз карданд ва гуфтанд, ки ҷасади ин чеҳраи шинохтаро ба Маскав хоҳанд бурд. 

Ба навиштаи “АП” ин қабрҳо дар маркази қабристони Лучоб чунон бино шудаанд, ки гӯё аз аввал ин ҷо дафн шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь