Набераҳои роҳбари Тоҷикистон дар солҳои 60-70-ум Ҷаббор Расулов аз интиқоли гӯри бобояшон ба дигар ҷо тавассути ВАО бохабар шуда, изҳори нигаронӣ кардаанд, зеро ҳеч кас ба се фарзанд ва чор набураи ӯ дар ин бора иттилоъ надодааст.

ИА «АП» аз қавли Ирина Тихонова, набераи Ҷаббор Расулов, навишт, ки пайвандони сиёсатмадори марҳум ният доранд, аз болои ин амали шаҳрдории Душанбе ба суд шикоят баранд ва дар идома ҷасади бобояшонро ба Маскав интиқол диҳанд.

Ирина Тихонова дар саҳифаи фейсбукии худ навиштааст, ки дар вақташ бобояшро бо таомули мусулмонӣ гӯр накардаанд, зеро ӯ коммунист будааст ва худаш инро васият кардааст.

Тимур Тихонов, набераи дигари Расулов низ дар суҳбати телефонӣ ба «АП» гуфтааст, ки интизор надошт, бо одаме, ки барои ҷумҳурӣ хизматҳои зиёде кардааст, ин тавр бархӯрд мекунанд.

Гуфта мешавад, ки аз Боғи Айнӣ ҷасади Боқӣ Раҳимзода, Муҳамад Осимӣ, Камол Айнӣ, Муқаддима Ашрафӣ, Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров ба ҷойи дигар, шояд ба гӯристони Лучоб, кӯчонида шудаанд. Ҷасади худи Садриддин Айнӣ дар ин боғ боқӣ мемонад ва мақбараи ӯ дар ҳоли азнавсозӣ қарор дорад. 

 

Дар акс мақбараи Ҷаббор Расулов дар Боғи Айнӣ то кӯчонидан. Акс аз «АП»

 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь