Наздикони ду узви гурӯҳи ҷинояткори «бандаи ГТА», ки дар задухӯрди Суди вилояти Маскав кушта шуданд, розианд, ки бо далели марги гануҳкорон парвандаи ҷиноятӣ баста шавад. Дар ин бора дар толори суд хушдомани Мирзомавлон Мирзошарипов ва бародари Абдумуқим Маҳмадҷонов арз кардаанд, хабар медиҳад РБК.

«Ман ба ин ҷо барои ҷасад омадам, то онро ба Тоҷикистон барам, зидди баста шудани парванда нестам», – гуфтааст хушдомани Мирзошарипов. Бародари Маҳмадҷонов низ аз суд хостааст, ки парванда баста шавад.

Ҳуҷум ба нигаҳбонҳо дар суди вилояти Маскав 1-уми август рух дода буд. Яке аз судшавандаҳо ба нигаҳбонҳои мушоияткунанда ҳамла карда, аслиҳаи ӯро соҳиб шуд. Дар задухӯрд бо кормандони Росгвардия судшавандаҳо Абдумуқим Маҳмадҷонов, Мирзомавлон Мирзошарипов ва Холиқ Субҳонов кушта шуданд. Як корманди Росгвардия захмӣ шуд. Аз судшавандаҳо низ ду нафар – Фалиддин Ҳасанов ва Ҳазратхон Додохонов захм бардоштанд, ки Ҳасанов дар бемористон ҳалок гардиду Додохонов аз госпитал рухсатӣ шуд.

Холиқ Субҳонови кушташуда бародари роҳбари «бандаи ГТА» Убайдулло Субҳонов аст, ки соли 2014 дар вақти боздошт кушта шуда буд. Дар маҷмӯъ дар парвандаи «бандаи ГТА» номи 9 нафар буд. Онҳо дар роҳи вилояти Маскав камин гирифта, ронандаҳоро мепаронданд ва молу пулашонро мерабуданд. Ширкаткунандаҳои «бандаи ГТА»-ро дар 17 куштор дар солҳои 2012 то 2014 айбдор мекунанд.

Дар акс кушташуда Абдумуқим Маҳмадҷонов

 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here