Дар Малайзия навхонадорон сарфи назар аз хатари пандемияи коронавирус дар тӯяшон даҳ ҳазор меҳмон даъват кардаанд. Дар ин бора BBC News хабар медиҳад.

Тибқи қоидаҳои нав, дар Малайзия дар тӯй набояд аз 20 нафар зиёд меҳмонон иштирок кунанд. Бо вуҷуди ин, Тенгку Муҳаммад Ҳофиз ва арӯсаш Океан Алагия тавонистаанд дар маросими тӯяшон ҳазорҳо меҳмонро пазироӣ кунанд.

Зану шавҳар тӯйи арӯсии худро дар пойтахти нави кишвар – Патраҷая дар назди бинои ҳукумат таҷлил кардаанд. Меҳмонон аз пеши арӯсу домод бо мошинҳояшон гузашта, ба нишони табрикот, ба онҳо даст афшондаанд. Ҳамин тариқ, даъватшудагон метавонистанд дар маросим бидуни вайрон кардани қоидаҳои масофаи иҷтимоӣ ва ҷамъомадҳои одамон ширкат варзанд.

Табрикорт дар маросим се соат давом кардааст. Ҳар як меҳмони ҳаракаткунандаро бо хӯрокҳои дастархони идона пазироӣ кардаанд. Дар баробари ин, хӯрокҳоро пешакӣ дар қуттиҳо омода намуда, ба онҳо додаанд.

Тенгку Муҳаммад Ҳофиз писари як сиёсатмадори бонуфуз ва вазири собиқи кобинаи Тенгку Аднан Тенгку Мансор мебошад, ки 70-солагии худро 20-уми декабр таҷлил кард.

Падари домод дар саҳифаи фейсбукиаш ба меҳмонон барои риояи чораҳои бехатарӣ ҳангоми ширкат дар ҷашн миннатдорӣ баён кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь