Ноҳияҳои Панҷ, Кӯшониён ва Вахши вилояти Хатлон дар даҳ моҳи соли ҷорӣ барои таъмири роҳҳои аҳамияти маҳалидошта тамоман маблағ ҷудо накарданд.

Сардори Муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтари вилояти Хатлон Маҳмадулло Файзалиев гуфт, ки дар ин давра аз буҷети мақомотҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои минтақа 1,5 миллион сомонӣ барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ  ҷудо карда шудааст.

– Дар ин давра ноҳияҳои  Вахш, Панҷ ва Кӯшониён барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои аҳамияти маҳалидошта, ки мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо №639 ба зимаи онҳо вогузор карда шудааст, ягон сомонӣ ихтисос надоданд. Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  бошад, хеле кам, яъне 4 ҳазор сомонӣ  ҷудо кардаст, ки ин маблағ кофи нест”, – илова кард ӯ.

Гуфтаҳои Маҳмадулло Файзалиевро роҳбари Муассисаи давалтии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи мазкур Умед Умаршоев тасдиқ карда, илова кард, бо ин маблағ чанде аз роҳҳоро сангфарш карданду халос.

– Роҳҳои маҳаллӣ дар ин ноҳия 182,1 километро ташкил медиҳанд, ки 80 дарсади онҳо ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Барои ҷудо карадани маблағ ба мақомоти маҳҳалии ноҳия борҳо муроҷиат кардем, аммо ҳеҷ тадбире намеандешанд, – илова кард ӯ.

Дар умум дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон 1 ҳазору 980,7 км роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта мавҷуданд, ки аксари ин ҷодаҳо ба талабот ҷавобгӯ нестанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь