Пулиси Арманистон хабар медиҳад, ки дар пайи тазоҳурот ва баста шудани роҳҳо дар Ереван дар охири ҳафта беш аз 200 нафар боздошт шудаанд. Шоми душанбе иттиҳодияҳои мухолифин ҳазорон нафарро ба кӯчаҳои марказии пойтахт бурданд.
Дар Ереван, бино ба гузоришҳои расонаҳои хабарӣ, пулис беш аз 120 ширкаткунандаи гирдиҳамоии ҳазороннафарии мухолифонро, ки бо талаби истеъфои нахуствазир Никол Пашинян ба майдони Фаронсаи пойхтахти ин кишвар рехтаанд, боздошт кардааст. Тазоҳуроти оммавӣ дар ин ҷо рӯзи якуми май оғоз шуда, рӯзи душанбе идома ёфт. Тазоҳургарон мегӯянд, ки амали пулис, ки бо онҳо даргир шудааст, пеши роҳавшонро гирифтан наметавонад. Чанд кӯчаи марказии пойтахт баста шуда, дар саросари шаҳр роҳбандӣ ба вуҷуд омадааст.
Раҳбари Федератсияи инқилобии Арманистон Ишхон Сагателян аз шаҳрвандон даъват кард, ки бо ташкили корпартоӣ ва бастани роҳи ҳаракати нақлиёт, тазоҳуротро густариш диҳанд.