Дар вилояти Хатлон дар чор моҳи соли ҷорӣ 60 ронандаи воситаҳои нақлиёти боркашро барои аз меъёр зиёд бор гирифтан ҷарима карданд.

Муовини сардори Раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти минтақаи Бохтар Аловиддин Низомов дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, ки аз ҷониби мутахассисон дар дидбонгоҳҳои «Панҷи поён» «Қизил-қалъа», «Ёвон» ва дигар ҷойҳои муайянгардида, ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркашониро зери назорат қарор дода шуд.

– Дар чор моҳи соли ҷорӣ  барои риоя накардани қоидаҳои ҳамлу нақли бори калонҳаҷм, вазнин ва бе сертификати боркашӣ фаъолият намудан нисбати 60 ронандаи воситаҳои нақлиёти боркашонӣ тибқи моддаи 311-и Кодекси ҳуқуқвайронкуни Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ронандагони қонуншикан ба маблағи 180 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шуданд, – илова кард номбурда.

Номбурда гуфт, ки аз ҷониби кормандони шуъбаю бахшҳо ва нозирони мутасаддии шаҳру ноҳияҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳои минтақа 63 маротиба рейд гузаронида, фаъолияти 2 ҳазору 871 адад воситаи нақлиёт зери санҷиш қарор дода шуд. Барои иҷро накардани шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ ва дигар қоидавайронкуниҳо дар асоси Кодекси ҳуқуквайронкунии маъмури Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 ҳазору 371 адад протокол тартиб дода шудааст.

– Аз ин шумора барои бе иҷозатома фаъолият кардани 138 адад воситаи нақлиёт тибқи моддаи 510, қисми 2-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои иҷро нагардидани шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ 85 адад тибқи моддаи 511, қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  протокол тартиб дода, барои баррасӣ ба судҳои минтақаи Бохтар ирсол гардидаанд, – гуфт ӯ ва афзуд, ки  маблағи умумӣ аз ҳисоби протоколҳо 483 ҳазору 900 сомонӣ ва маблағҳои ситонидашуда аз ин ҳисоб 317 ҳазору 974 сомониро ташкил медиҳанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь