Рӯзи сеюми январ, пас аз се рӯзи таҷлили Соли нав арчаи солинавии ноҳияи Вахш,ки дар майдони Парчам, паҳлуи ҳукумати ноҳия оро дода шуда буд,  пурра ба коми оташ рафт.

Шоҳидони ҳодиса ба “Фараж”  гуфтанд, ки сӯхтор дар арча тахминан соатҳои 12 ба 13-и рӯзи сеюми январ  ба вуқуъ пайвастаст.

Онҳо иттилоъ доданд ,ки то мошини сӯхторнишон омада расид, ки арча пурра ба коми оташ рафт.

Ҳоло омили оташ гирифтани арчаи солинавӣ дар ноҳия Вахш аз ҷониби

Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳия гуфта нашудааст. Аммо шоҳидон мегӯянд, ки арча аз тарақа (хлопушка) сӯхтааст.

Арчаи солинавии ноҳияи Вахш  16 метр  баландӣ ва  6 метр паҳноӣ дошт, ки он дар минтақаи Бохтар дар зебогӣ ва баландӣ дар ҷойи дуюм қарор дошт.

Баъди оташ гирифтани арчаи ноҳияи Вахш дар дигар шаҳру ноҳияҳо ба кандани арчаҳои солинавӣ шуруъ карданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь