Аз 20-уми декабр ҳамарӯза аз соати 09:00 то 13:00 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд муваққатан манъ карда мешавад. Дар ин бар Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки бинобар гузаронидани корҳои таъмирию барқароркунӣ дар дохили нақби «Истиқлол» дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд аз 20-уми декабри соли равон аз соати 09:00 то 13:00 то ба анҷом расонидани корҳои таъмирию барқароркунӣ ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт манъ карда мешавад.

Аз шаҳрвандон даъват шудааст, ки сафари хешро то ба анҷом расонидани корҳои таъмирию барқарорсозӣ ба реҷаи мазкур мутобиқ кунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь