53 нафар низомии афғон ба Ӯзбекистон гузаштанд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷаи ин ҷумҳурӣ хабар додааст. Ин гурӯҳи иборат аз 53 нафар пас аз тафтишоти зарурӣ бозпас гардонда шудаанд.

“23 июни соли 2021-ум 53 марзбони афғон ва гурӯҳҳои мусаллаҳи маҳаллӣ аз ноҳияи Шӯртепа ба Узбекистон гузаштанд. Пас аз пурсишҳо ва тафтишоти зарурӣ шаҳрвандони Афғонистон ба ватанашон баргардонида шуданд. Ҳар гуна кӯшиши вуруди ғайриқонунӣ ба қаламрави Ӯзбекистон қатъ карда мешавад ва онҳое, ки сарҳади давлатиро вайрон мекунанд, муҷозот хоҳанд шуд”, – омадаст дар баёнияи расмии Вазорати корҳои хориҷаи Узбекистон.

Инчунин аз ҷонибҳо даъват шудааст, ки аз истифодаи нерӯ худдорӣ кунанд ва талафоти ғайринизомиёнро пешгирӣ кунанд.

Бахтиёр Раҳматуллоев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь