23-юми июл дар шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ нахустин мусобиқа байни дастаҳои миллии футзол оғоз шуд, ки натиҷаҳои ҳангомавӣ низ дошт.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии нахустинаш аз дастаи Ӯзбекистон бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрд. Аз ҳайати дастаи Тоҷикистон Файзалӣ Сардоров ва Дилшод Саломов гол заданд.

Дар вохӯриҳои дигар дастаи Афғонистон бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 5:4 ва дастаи Туркманистон бар футзалбозони Эрон бо ҳисоби 2:1 пирӯзӣ ба даст оварданд.

Бозиҳои даври дуюм имрӯз,24-уми июл, баргузор мешаванд. Соати 14:00 тимҳои миллии Эрон ва Қирғизистон вомехӯранд. Сипас,соати 17:00 вохӯрии дастаҳои Ӯзбекистон ва Афғонистон оғоз мешавад. Соати 20:00 дастаҳои Тоҷикистону Туркманистон ба ҳам меоянд.

«CAFA Futsal Cup-2023»

Даври 1

Ӯзбекистон – Тоҷикистон – 4:2

Голҳо: Дилшод Раҳматов, 16 (1:0). Ҳусниддин Нишонов, 18 (2:0). Файзалӣ Сардоров, 19 – аз пеналти (2:1). Акбар Усмонов, 24 (3:1). Дилшод Саломов, 25 (3:2). Илҳомҷон Ҳамроев, 33 (4:2).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Акбар Усмонов (Ӯзбекистон).

23 июл. Душанбе. Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ. 800 тамошобин.

Қирғизистон – Афғонистон – 4:5

Голҳо: Дониёр Талайбеков, 5 (1:0). Шоҳрух Маҳмадаминов, 6 (2:0). Ризо Ҳусейн Факир, 10 (2:1). Муҳаммад Алии Фаёзӣ, 13 (2:2). Ҳомид Ризо Ҳусайнӣ, 15 (2:3). Меҳрон Ғуломӣ, 18 (2:4). Муҳаммад Аскарбеков, 25 (3:4). Дониёр Талайбеков, 34 (4:4). Меҳрон Ғуломӣ, 38 (4:5).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Меҳрон Ғуломӣ (Афғонистон).

23 июл. Душанбе. Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ. 105 тамошобин.

Эрон – Туркманистон – 1:2

Голҳо: Гиличмурод Гиличмуродов, 32 (0:1). Алӣ Акрамӣ, 33 (1:1). Мақсад Султонов, 38 (1:2).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Пиргулӣ Гиличмуродов (Туркманистон).

23 июл. Душанбе. Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ. 300 тамошобин.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь