Туркия аз рӯзи аввали танишҳои ахири Исроилу Фаластин ҳамагуна роҳҳои дипломатиии худро истифода мебарад. Президенти мо ҷаноби Реҷеб Тайиб Эрдоган ва вазири корҳои хориҷӣ Ҳакан Фидан бо ҳампешагони худ мулоқоти зиёдеро анҷом доданд. Президент Эрдоган пайваста ба эътидол ва ақли солим даъват намудааст, то авҷ гирифтани хушунатҳоро пешгирӣ кунад. Дар чаҳорчӯби изҳороти охири Президенти кишварамон назари Туркия ба таври мухтасар дар поён оварда шудааст.
Мавқеи Туркия ҳам дар муборизаамон зидди терроризм ва ҳам дар ҳама ҷангу низоъҳо дар минтақаи мо хеле равшан аст:
Мо ягон амал ё ҳамларо бар зидди мардуми осоишта ё шаҳракҳои ғайринизомӣ раво намебинем.
Дар ин росто мо ба кушта шудани аҳолии осоишта дар қаламрави Исроил ошкоро мухолиф ҳастем. Ҳамин тавр, мо ҳеҷ гоҳ куштори мардуми бегуни Ғазза ва бомбаборон гардидани мардуми осоиштаро намепазирем.
Масъалаи Фаластин як мавзуи ҳайсиятии тамоми ҷаҳон, идораи ҷаҳонӣ ва низоми амниятӣ, созмонҳои масъул ва салоҳиятдор мебошад.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ натавонист ягон ваъдаи худро иҷро кунад, Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳо мардуми Фаластинро танҳо гузоштанд ва натавонистанд ҳуқуқу озодиҳои Фаластинро ҳифз кунанд.
Мутаассифона дар низоъҳои Исроил ва Ғазза бисёр принсипҳо дағалона вайрон карда мешаванд.
Ҷанг ҳам ахлоқ дорад.
Бо қатъ кардани обу барқ, даромаду баромади шаҳр ва хароб кардани зерсохтори он… Аз масҷидҳо то калисоҳо тахриби тамоми ибодатгоҳҳо ва мактабҳо… Бо ҷилавгирӣ аз дастрасии мардум ба оддитарин ниёзҳои инсонии худ… Бо хок яксон кардани биноҳое, ки дар онҳо аҳолии осоишта зиндагонӣ мекунад.. Бо тирпарронии одамон тавассути ҳавопаймоҳои ҷангӣ ҳангоми ба дарвозаи сархад рафтан, ки ягона роҳи халосии мардум… Хулоса низоъе, ки бо ҳар гуна усулҳои нангин сурат мегирад, ҷанг нест, балки қатли ом аст.
Сулҳу оромии пойдор танҳо бо таъсиси давлати мустақили Фаластин, ки қонунияташ бар асоси қарорҳои СММ, бо марзҳои соли 1967 ва якпорчагии ҷуғрофӣ, пойтахти Байтулмуқаддаси Шарқӣ ва эътирофи он аз ҷониби тамоми ҷаҳон барқарор гардад, метавонад ба даст ояд.
Ҷустуҷӯи роҳи ғайр аз ин, дунболи шавқу ҳавасҳои дигар танҳо маънои харобии бештар, нолаву фиғон ва қурбониҳои бештарро дорад.
Исроил мавҷудияти худро фақат дар ҳамин масир ҳамчун давлат давом дода, амнияти шаҳрвандони худро таъмин карда метавонад.
Мо ҳеҷ гоҳ намехоҳем, ки Исроил, Фаластин ё минтақаи мо ба як чархаи нокомӣ табдил ёбад.
Ғофилона аз як гуруҳ ҷонибдорӣ намудан бӯҳронро танҳо амиқтар мекунад.
Бинобар ҳамин ҳамчун Туркия ҷонибҳоро ба эътидол даъват мекунем. Мо хоҳиш дорем, ки ҷанг дар минтака харчӣ зудтар хотима ёбад ва мушкилоти байни тарафҳо аз тариқи гуфтушунид ҳаллу фасл гардад. Мо ҳамчун Туркия дар бобати миёнаравӣ ва доварии одилона омодаем ҳар кори аз дастамон меомадаро анҷом диҳем.
Бо эҳтиром,
Умут Аҷар,
сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон