Кормандони Агентӣ танҳо бо мақсади гузаронидани санҷиш дар маъракаи «оши наҳор»-и Назарзода С. ва Ҳабибуллоев Т. ҳузур дошта, аз паи иҷрои вазифаҳои хизматии худ буданд. Дар ин ҳолат кормандони Агентӣ дар доираи ваколатҳои хизматии худ амал намуда, ба хӯрдани хӯрок ва дигар амалҳои манфиатноки худ роҳ надодаанд. Бинобар ин, ваҷҳи Назарзода С. дар хусуси гуё хӯрок хӯрдани кормандони Агентӣ, танҳо тахайюлоти охирин буда, он бо ягон далел собит нашудааст.

Дар ин бора Агентии назорати давдатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба навиштаи собиқ директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Назарзода, ки даъво мекард 9 нафар кормандони ин Агентӣ дар тӯйи писараш ширкат карда, ош хурдаанду сипас навро бардоштаанд, вокуниш кард.

Дар вокуниши Агентӣ ваҷҳҳои овардаи Назарзода дар сомонаи шахсиаш бофтаи хаёли ӯ баҳогузорӣ шуда, қайд гардидааст, ки «гурӯҳи корӣ иборат аз ду нафар кормандони Агентӣ ба ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ сафарбар гардиданд. Дар ҳамин асос аз ҷониби кормандони мазкур дар тарабхонаи «Саррез»-и шаҳри Душанбе корҳои санҷишиву назоратӣ гузаронида шуда, тибқи тартиби муқарраркардашуда вобаста ба вайронкунии талаботи қонуни мазкур нисбати Назарзода С. ва Ҳабибуллоев Т. маводҳои дахлдор тартиб дода шудааст.

Ҳамзамон, аксҳои пешниҳоднамудаи Назарзода С., ки дар онҳо танҳо як нафар корманди Агентӣ инъикос ёфтааст, дадели нодуруст будани ин ваҷҳи ӯ мебошад».

Ҳамин тавр, ҳамаи далелу ваҷҳҳои овардаи Назарзода дар «суди зинаи якум ва дуюм ба таври пурра, ҳаматарафа ва холисони мавриди санҷиш қарор дода шуда, бо далелҳои боэътимод рад карда шудаанд», – гуфта мешавад дар вокуниш.

 

Директори собиқи Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Назарзода барои нақзи танзим аз вазифааш озод ва бо қарори суд ба маблағи 12 500 сомонӣ ва қудояш Тоҷиддин Ҳабибуллоев 5 000 сомонӣ ҷарима шуда буданд.

 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь