Бо рақобат бо беш аз 1500 дастаи донишҷӯён аз тамоми ҷаҳон донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба рӯйхати бонуфузи ТОП-100 лоиҳаи беҳтарини Google Solution Challenge 2023 ворид шуданд. Ҳадафи баъдӣ ворид шудан ба ТОП-10 мебошад.

Google тавассути муаррифии мураббӣ Нохуа Ҷафар мутаваҷҷеҳи донишҷӯёни боистеъод шуд, ки фавран онҳо ба лоиҳа ҳамроҳ шуданд ва ба бачаҳо кӯмак карда шуд, то дар тарҳрезии UI/UX тақвият кунанд.

Tcell фаъолона аз таҳиягарони ҷавон дастгирӣ мекунад, бо онҳо дар мавридҳои масъалаҳои техникӣ ва рафъи монеаҳои ташкилӣ табодули таҷриба мекунад. Tcell инчунин дастаи донишҷӯёнро бо таҷҳизоти зарурӣ, инфрасохтори шабакавӣ ва дастрасӣ ба интернети баландсуръат таъмин карда, барои рушди минбаъда ва комёбии онҳо дар лоиҳа шароити мусоид фароҳам меорад.

Таҳти сарварии мудири кулли Tcell Озодхон Давлатшоев дастаи донишҷӯён, ки ба чунин муваффақияти чашмрасе ноил гардидаанд, ният доранд, ки ба ҳадафи навбатӣ – ворид шудан ба озмуни бонуфузи ТОП-10 даст ёбанд ва лоиҳаро амалӣ созанд.

«Дар аввали соли 2023 мо барои ширкат дар Google Solution Challenge муроҷиат кардем, ки дар он аз Google пуштибонии арзишманде дарёфт кардем. Мо ба Tcell барои кумак дар татбиқи лоиҳа изҳори сипос мекунем. Холо мо барои дар дармонгоҳи шаҳри Хоруғ ба кор андохтани давраи дуюми озмоиш фаъолона омода мешавем. Бояд қайд кард, ки озмоиш дар якҷоягӣ бо Tcell ва Раёсати тандурустии ВМКБ гузаронида мешавад», – гуфт Муяссар Муносибшоев, роҳбари дастаи донишҷӯёни Google Developer (GDSC) дар Донишгоҳи Хоруғ.

Лоиҳаи таҳиякардаи донишҷӯён сабти электронии тиббӣ мебошад. Ҷорӣ кардани сабти электронии саломатӣ дар системаи тандурустии Тоҷикистон тағйироти назаррас ва беҳбудиро дар ин соҳа имкон медиҳад. Яке аз омилҳои калидие, ки ин технологияро махсусан муфид хоҳад кард, ҷорӣ кардани ҳуши маснуӣ мебошад.

Сабти электронии тиббӣ ҳамроҳ бо ҳуши маснуӣ имкон медиҳад, ки миқдори зиёди маълумоти тиббӣ ҷамъоварӣ ва таҳлил карда шавад, ки ба пизишкон ва кормандони тиббӣ дар қабули қарорҳои дақиқ ва огоҳона дар бораи ташхис, табобат ва нигоҳубини беморон кӯмак мекунад.

Чунин технология ба системаи тандурустии Тоҷикистон таъсири тӯлонимуддате дошта, сарбории кормандони соҳаи тибро коҳиш, самаранокӣ ва дақиқии ташхисро афзоиш, равандҳои табобатро такмил медиҳад ва сатҳи баланди нигоҳубин аз беморро ироа хоҳад дошт.

«Ба наздикӣ дастаи таҳияи мо аз Tcell аввалин ва ягона роҳбари Гуруҳи таҳиягарони Google Developers Group дар Тоҷикистон гардид, ки GDG Dushanbe ном дорад. Ҳоло бачаҳои Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба чунин комёбӣ ноил гардидаанд ва бо ин иктифо карданӣ нестанд. Барои мо хеле муҳим аст, ки саъю кӯшиши ҷавононро барои нишон додани худ дар платформаҳои байналмилалӣ дастгирӣ кунем, ки ин ба пешрафти иҷтимоию иқтисодии кишвар, дар маҷмуъ, рушди соҳибкории ҷавонон ва экосистемаи техникӣ дар кишвар, фароҳам овардани шароити мусоид ба бачаҳои лаёқатманд мусоидат мекунад”, – шарҳ дод Озодхон Давлатшоев, директори генералии Tcell.

Ҳар гуна дастгирӣ барои бачаҳо муҳим аст, биёед онҳоро бо ҳам дастгирӣ кунем ва дар бораи лоиҳаашон то ҳадди имкон маълумот паҳн кунем. Шумо ҳам метавонед бачаҳоро бо лайк ва шарҳҳо дастгирӣ кунед.

Видеои намунаи аввалияи лоиҳаи донишҷӯёнро дар инҷо дидан мумкин аст: https://youtu.be/0z3ykyumn6Q

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь