USAID ва ширкати  «Помир Энерҷӣ» (ШПЭбарои таъмини манотиқи дурдасти кишвар бо энергияи устувор ҳамкорӣ мекунад ва ҳамчунин Ҳукумати Тоҷикистонро дар самти диверсификатсияи иқтидори худ оид ба тавлиди энергияи барқароршаванда (ТЭБ) дастгирӣ мекунад. Дар тӯли даҳсолаҳо ҷамоатҳои дурдасти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон  бидуни дастрасӣ ба нерӯи барқи боэътимод, дастрас ва бехатар ҳаёт ба сар мебаранд.

Дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ ҷамоатҳо дар баландии 3600 метр аз сатҳи баҳр дар муҳити хеле сарду биёбонӣ зиндагӣ мекунанд. Бо сабаби аз марказ дур буданаш ноҳияи Мурғоб ба шабакаҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ пайваст нест. USAID бо ширкати «Помир Энерҷӣ» барои баланд бардоштани сифати зиндагии сокинони ноҳияи Мурғоб тавассути таъмини дастрасӣ ба манбаъҳои устувор ва боэътимоди энергия, баланд бардоштани иқтидори нерӯгоҳи барқи офтобӣ (НБО), ки қаблан аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда буд, аз 200 кВт то 800 кВт, бо системаи батареяи дорои иқтидори 1,2 МВт/соат ҳамкорӣ мекунад.

Нерӯгоҳи барқи офтобии Мурғоб дастрасии шаҳраки Мурғобро ба барқи устувор  ​​таъмин мекунад, ки ин ба рушди минбаъдаи иқтисодиёту иҷтимоиёти минтақа ва умуман ҷумҳурӣ мусоидат мекунад. Дар натиҷаи дастгирии USAID ва таҷрибаҳое, ки аз натиҷаи  бунёди нерӯгоҳи барқи офтобии Мурғоб ба даст омаданд, тими ШПЭ малака ва қобилияти заруриро барои сохтмони нерӯгоҳҳои шабеҳи тавассути манбаъҳои барқароршавандаи энергия фаъолияткунанда касб карда, ба ин васила имкониятҳои Тоҷикистонро барои ноил шудан ба ҳадафҳои худ дар соҳаи энергияи тоза афзоиш дод.

Дар маросими ифтитоҳи он мансабдорони воломақоми Ҳукумати Тоҷикистон, Сафорати ИМА, USAID/Тоҷикистон ва ШПЭ ширкат доштанд. Сафири ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер дар маросими ифтитоҳи НБО қайд намуд: “Нерӯгоҳи барқи офтобии Мурғоб аз он шаҳодат медиҳад, ки чӣ гуна ҳукумати давлатҳо, шарикони байналмилалии кишварҳо ва бахши хусусӣ метавонанд захираҳои муштараки худро дар ҳалли баъзе аз мушкилоти бузургтарини минтақа равона кунанд.”

Нерӯгоҳи барқи офтобии Мурғоб, ки аз ҷониби USAID маблағгузорӣ мешавад, нахустин лоиҳаи саноатии чунин миқёс дар кишвар ва намунаи муваффақест, ки метавонад аз ҷониби ширкатҳои энергетикӣ ва ташкилотҳои донорӣ дар дигар соҳаҳо васеъ истифода шавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь