Бо иштироки доираи васеъи кормандони Амонатбонк, ҳайати роҳбарикунанда ва намояндагон аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба риоя ва иҷрои талаботи Қонуи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», “Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирӣ кардани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ҷаласа баргузор гардид.

Зикр гардид, ки санаи 8 июни соли 2007 баъди муҳокимарониҳои васеъ ва пешниҳодҳои бешумори шаҳрвандон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки имсол аз қабули Қонуни мазкур 16 сол сипарӣ мешавад.

Таҷрибаи 16 солаи амали Қонун нишон дод, ки он дар самти ба низому тартиб даровардани анъана, маросиму ҷашнҳои милливу динӣ, инчунин дигар суннатҳои мардумӣ нақши барҷаста гузошт. Ба ғайр аз ин, пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравӣ гирифта шуда, ба ҷорӣ гардидани низому тартиби ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ роҳ кушод.

Ёдоварӣ карда шуд, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2018, № 1042 “Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин” низ тасдиқ шуда, ҳадафи асосии Консепсия муқаррар намудани дурнамои дарозмуҳлат ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои динии инсон ва шаҳрванд, рушди пояҳои давлати дунявӣ, густариши таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром ба тамоми дину мазҳабҳо, таъмини амният ва ҳамдигарфаҳмиву ризоият дар фазои динии кишвар мебошад.

Дар идома Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» шарҳу тавзеҳ дода шуда, қайд гардид, ки бо мақсади тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ташаккули сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳуввияти миллӣ, муносибати ватандӯстона ба ҷомеа ва давлат, омодагӣ ва қобилияти хизмат ба Ватан, таҳкиму таъмини манфиатҳои ҳаётан муҳим ва рушди устувори давлат санаи 24 декабри соли 2022 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» қабул гардидааст.

Вобаста ба “Пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ” низ сухан рафта, зикр гардид, ки ҷомеаро зарур аст тамоми ақлу заковат, дониш ва таҷрибаи ҳаётии худро ба он равона созад, ки ҳодисаҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ пешгирӣ ва аз байн бурда шаванд.

Дар анҷоми ҳамоиш гуфта шуд, ки «мо бояд баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротӣ ва гурӯҳҳои террористӣ, иштироки онҳо дар ҷангу муноқишаҳои давлатҳои хориҷӣ, таҳсилоти ғайрирасмии динӣ дар хориҷи кишвар, ки яке аз сарчашмаҳои асосии шомилшавии шаҳрвандон ба ташкилоти террористию экстремистӣ мебошад, инчунин азхудкунии донишҳои зарурии дунявӣ саҳм гузорем».

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь