Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Бонки аврупоии таҷдид ва рушд маросими кушодашавии барномаи GEFF (Green Economy Financing Facility) Tоҷикистон II баргузор гардид. Дар маросими мазкур раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ ширкат кард.  

Дар оғози маросим дар мавзӯи  “Афзоиши сармоягузориҳои бахши хусусӣ барои иқтисоди сабз ва сабзгардонии низомҳои молиявӣ”  мусоҳибаи панелии баргузор гардид. Дар он Нигина Анварӣ муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Икромӣ Сироҷиддин Салом, раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк»”, Шоира Содиқова,  раиси раёсати ҶСП Бонки «Арванд», Фирдавс Маюнусов, раиси раёсати ҶДММ Ташкилоти амонатии қарзии хурди «ҲУМО», Андрей Палка, раиси раёсати ҶДММ Ташкилоти амонатии қарзии хурди «ИМОН Интернэшнл» андешаҳои худро оид ба муҳимитяи барномаи GEFF иброз намуданд.

Сироҷиддин Икромӣ нақши муассисаҳои молиявӣ аз чумла Амонатбонкро дар пешбурди амалҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва мубориза бо тағйирёбии он, хизматрасониҳои муосири бонкӣ ва баланд бардоштани маърифати молиявии аҳоли андешаҳои худро пешкаши ҳозирин кард. Дар хотима Ёддошти тафоҳум байни Амонатбонк ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба имзо расонида шуд.

Инчунин, дар як гӯшаи чорабинии мазкур маҳсулоти Амонатбонк ба намоиш гузошта шуда буд, ки меҳмонон ва мизоҷони Бонк маълумотҳои зарурии худро оид ба хизматрасониҳо Бонк, алалхусус қарзҳои соҳаи кишоварзӣ ва саноат пайдо карданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь