Имрӯз дар бинои БДА ҶТ “Амонатбонк” нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

– Бо мақсади дастрасии васеи аҳолӣ ба харидории мазилҳои истиқоматӣ, бонк то 100 миллион сомонӣ қарзи ипотекӣ барои муштариён дар доираи аз 18 то 24 дарсади солона бо пулӣ миллӣ ва аз 4,5 то 10 дарсади солона бо асъори хориҷӣ муайян кард, – гуфт зимни баромадаш раиси БДА ҶТ “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ.

Ба гуфтаи роҳбарияти БДА ҶТ “Амонатбонк”, аллакай зиёда аз 34 корманди бонк бо манзили истиқоматӣ таъмин карда шудаанд.

– Амонатбонк дар маҷмуъ 100 млн сомонӣ барои ипотека ҷудо кардааст. Муҳлати қарз 10 солро дар бар мегирад. Агар муштарӣ 30 фоизашро пардохт кард, манзили истиқоматӣ амволи гарав шуда метавонад. Маблағ ба пуррагӣ пардохт гардад, хона ба номи шаҳрванд мегузарад. Аз рӯзи аввал шаҳрвандон имконият доранд, ки дар манзили истиқоматӣ зиндагӣ кунанд, – зикр гардид дар нишасти матбуотӣ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь