Эрон шаби гузашта бо ҳавопаймоҳои бесарнишин ва мушакҳои баллистикӣ ба Исроил ҳамла кард.

Рӯзномаи New York Times менависад, ки аз Эрон 185 ҳавопаймои бесарнишин, 36 мушаки болдор ва 110 мушаки замин ба замин партоб шудааст. Ба гуфтаи артиши Исроил, аксари онҳо безарар гардонда шудаанд.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон аз тахриби ҳадафҳо дар Исроил бо истифода аз мушакҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишин хабар дод, хабар медиҳад IRNA.

Намояндагии Эрон дар СММ гуфт, ки ин ҳамла посух ба ҳамлаи мушакии ахири Исроил ба консулгарии Эрон дар Димишқ аст, ки бар асари он ду генерал кушта шуд ва ҳамчунин ба банди 51-и Оинномаи СММ дар бораи ҳуқуқи дифоъ аз худ ишора кард.

Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ҳамлаи Эрон ба Исроилро маҳкум кард.

Эрон дар пайи густариши низоъ нест, аммо дар сурати таҷовузи низомии Исроил боз ҳам тавонотар ва қатъӣ посух хоҳад дод. Дар ин бора дар номаи намояндагии доимии Эрон ба дабири кулли СММ омадааст.

Исроил ба ҳамлаи Эрон “қатъӣ ва возеҳ” посух хоҳад дод. Дар ин бора сухангӯи Неруи ҳарбии Исроил Дониёл Ҳогорӣ хабар дод.

Иёлоти Муттаҳида хабар дод, ки Эрон ба ҳадаф нарасидааст, аммо ИМА аз он метарсад, ки Исроил метавонад онҳоро ба як низоъи бузург кашад, аз ин рӯ изҳор дошт, ки ба Исроил дар амалиёти таҷовузи зидди Эрон кумак нахоҳад кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь