Ташкилоти ҷамъиятии “Садоқат” ва ташкилоти “terre des hommes Олмон” бо хушнудӣ дар бораи оғози ҳамкории худ барои рушди ҷомеаҳо дар деҳот бо таваҷҷӯҳи махсус ба беҳтар кардани вазъи кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳанд. Пас аз зиёда аз ду моҳи машварат ва музокирот, ҷонибҳо ҳамкориро бо лоиҳаи озмоишии “Дастрасии аҳолии деҳот ба хизматрасонии босифати тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки расман аз 1 октябри соли 2021 оғоз гардида, дар давоми як сол амалӣ мегардад, ҳусни оғоз бахшиданд.

Лоиҳаи мазкур, ки бо дастгирии молиявии Ташкилоти «tdh Олмон» ба маблағи 25,000 Евро татбиқ мегардад, аз ду қисми зерин иборат аст: 1) компоненти рушди инфрасохтор оид ба таъмири чор ӯтоқи кӯдаконаи Шӯъбаи ҷарроҳии Беморхонаи марказии ноҳияи Деваштич; ва 2) компоненти омӯзишии иборат аз омӯзишҳо дар байни 45 нафар кормандони тиббӣ ва маъракаи баланд бардоштани савияи маълумотнокӣ дар байни 200 нафар занони синну соли репродуктивӣ. Дар доираи компоненти дуюми лоиҳа 12 омӯзишҳои дурӯза оид ба мавзӯъҳои афзалиятноки аз ҷониби худи кормандони соҳаи тибби маҳаллӣ интихобшуда ва маъракаи баланд бардоштани маърифатнокӣ оид ба ғизои дурусти кӯдакон дар доираи чор чорабинӣ бо иштироки 50 нафар дар ҳар як чорабинӣ баргузор карда мешавад.

«Мо хушҳол аз он ҳастем, ки аз ҷониби Ташкилоти «terre des hommes Олмон» ҳамчун шарик барои амалисозии ин лоиҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудем ва мехоҳем аз фурсат истифода бурда ба ҳамкасбони худ аз ин созмон миннатдории самимии худро изҳор намоем. Мо бовар дорем, ки арзишҳои муштараке, ки созмонҳои мо пайравӣ мекунанд, дар натиҷа ба ҳамкории муваффақ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва ҳифзи кӯдакон, занон ва дигар гурӯҳҳои осебпазири манотиқи дурдасти Тоҷикистон ноил хоҳанд гардонид», – зикр намуд Директори ТҶ «Садоқат» хонум Нигора Негматуллаева. – “Мо инчунин чандирии ҳамкасбони муҳтарами моро аз Ташкилоти «tdh Олмон» дар дастгирии идомаи лоиҳаи мо оид ба беҳтар кардани вазъи Беморхонаи марказии ноҳияи Деваштич, ки онро соли 2019 оғоз карда будем, дар сатҳи баланд қадрдонӣ мекунем. Ҳадафи ниҳоии мо саҳм гузоштан дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми деҳот тавассути беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасонии босифати тиббӣ ва маориф дар минтақаҳои дурдаст мебошад”- илова намуд ӯ.

Барои Ташкилоти «terre des hommes Олмон» воқеан имконияти ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Садоқат» ва саҳм гузоштан дар беҳтар кардани хадамоти тиббӣ барои кӯдакон дар ноҳияи Деваштичи Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси хушнудии бузург аст. Ташкилоти «terre des hommes» саъй мекунад, ки дар ҳифз ва беҳбудии кӯдакон дар кишварҳои гуногун саҳм гузорад. Он аллакай дар беш аз 30 кишвар фаъол аст ва умедвор аст, ки ҳамкориҳояшро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ густариш хоҳад дод” – фармуд Ҳамоҳангсози минтақавии Ташкилот дар Осиёи Ҷанубӣ хонум Ингрид Мендонка.

ТҶ “Садоқат” ташкилоти ғайритиҷоратиест, ки соли 2000 ум таъсис ёфта, дар Вазорати адлияи ҶТ расман ба қайд гирифта шудааст. Ҳадафи асосии ТҶ “Садоқат” беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардуми деҳот тавассути фаъолият ва ҳамкории пурсамар мебошад. Ташкилот дар давоми 20 соли фаъолияти худ бо дастгирии ташкилотҳои гуногуни донорӣ зиёда аз 20 лоиҳаҳоро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла васеъ намудани имкониятҳои занону ҷавонон, саломатии репродуктивӣ, тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонон, баланд бардоштани малакаҳои забони англисӣ, инчунин инфрасохтори муассисаҳои тандурустиву маориф татбиқ намудааст. Барои маълумоти муфассал дар бораи ташкилот ба сомонаи www.sadoqat.weebly.com ташриф оред.

Ташкилоти “terre des hommes Олмон» сохторе оид ба кӯмак ба кӯдакон аст, ки дар Олмон ҳамчун “terre des hommes Deutschland eV” ба қайд гирифта шуда, дар ш. Оснабрюк ҷойгир шудааст. Бо назари ҷаҳони осоишта ва одилона барои ҳамаи кӯдакон дар айни замон ва наслҳои оянда он дар қитъаҳои гуногун зиёда аз 50 сол инҷониб фаъолият мекунад. Ташкилот созмонҳои шарик ва ташаббусҳои ҷомеаи шаҳрвандиро дар кишварҳои гуногун барои беҳбудии ҳамаи кӯдакон дастгирӣ мекунад. Барои маълумоти иловагӣ лутфан ба сомонаи www.tdh.de сар  бизанед.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь