18 сентябри соли ҷорӣ, дар дастгоҳи марказии Амонатбонк мулоқоти дуҷонибаи муовини раиси раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» Ризвонзода Фирдавс Зикр бо директори асосии амалиётии Корпоратсияи Байналмилалии Исломӣ оид ба маблағгузории савдо Назим Нурдалӣ баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот масоили рушд додани ҳамкориҳо дар самтҳои маблағгузории савдо, аккредитив, кушодани равзанаи бонкдории исломӣ ва бозомӯзии мутахассисон дар ин самт, пешниҳоди хизматрасониҳои машваратӣ ва дигар намуди амалиёти молиявӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуданд.

Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар доираи имкониятҳои мавҷуда ҳамкориҳоро густариш хоҳанд дод.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь