Нозироти андоз дар шаҳри Хуҷанд дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарору фармоишҳои роҳбарияти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳнамои кори худ қарор дода, бо дастгирии бевоситаи Раёсати андоз дар вилояти Суғд ва Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлатии шаҳри Хуҷанд кушиш ба харҷ дод, то ин ки нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024»-ро таъмин намуда, барои беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ, баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, инчунин беҳтару хубтар ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тавзеҳотӣ тадбирҳои мушаххас андешад.

Оид ба натиҷаҳо ва фаъолияти Нозироти андоз дар шаҳри Хуҷанд хабарнигори МТЖТ бо муовини сардор Нуризода Фаридун суҳбат анҷом дод. Дар оғози суҳбат муовини сардори Нозироти андоз чунин изҳор дошт: «Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади коҳиш додани хароҷотҳои субъектони хоҷагидор ва аз байн бурдани таъсири омилҳои инсонӣ аз соли 2018 оғоз намуда, аз ҷониби Кумитаи андоз шакли нави хизматрасонии электронӣ – тартиби бо реҷаи электронӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ мавриди истифода қарор дода шудааст. Ҷорӣ намудани тартиби мазкур шароит фароҳам овардааст, ки шаҳрвандон ва андозсупорандагон бо истифода аз “Утоқи шахсии андозсупоранда” ҳуҷҷатҳои заруриро барои бақайдгирии давлатӣ ба барнома дохил карда, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи фаъолияти соҳибкории худро дастрас намоянд».

Мавсуф афзуд, ки мақомоти андоз имрӯзҳо дар ҳамаи самтҳои фаъолият корҳои назаррас анҷом дода, аз ҷумла барои гузоштани заминаи боэътимод ба рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва ҳукумати электронӣ пайваста чораҷӯӣ менамояд. Дар айни замон барои шаҳрвандон ва андозсупорандагон беш аз 70 намуди хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ ба роҳ монда шудаанд.

Иҷроиши даромади буҷет

Иҷроиши нақшаи қисми даромади буҷет бо назардошти андози иҷтимоии дар ҳашт моҳи соли 2024 ба андозаи 109,4 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 563 млн 420 ҳаз. сомонӣ нақшаи пешбинӣ гардида ба буҷет ба маблағи 616 млн 168 ҳаз. сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 52 млн 748 ҳаз. сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ аз рӯи контингенти умумӣ аз ҳисоби андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 111,3% таъмин гардида, ба ҷои 453 млн 292 ҳазор сомонӣ нақшаи пешбинигардида ба буҷет 504 млн. 311 ҳаз. сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 51 млн. 19 ҳазор сомонӣ зиёд ҷамъоварӣ карда шудааст. Инчунин иҷроиши нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 101,6% таъмин гардида, ба ҷои 110 млн. 128 ҳаз. сомонӣ, амалан ба маблағи 111 млн. 857 ҳаз. сомонӣ ба суратҳисоби махсуси Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ворид карда шудааст, ки нисбати нақша 1 млн. 729 ҳаз. сомонӣ зиёд мебошад.

Ситонидани қарзи андозҳо

Дар ҳашт моҳи соли 2024 вобаста ба муқаррароти фасли 4, боби 16-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастури методӣ «Дар бораи маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо» бо мақсади кам кардани бақияпулиҳои андозсупорандагони қарздор як қатор корҳо ба анҷом расонида шудааст аз ҷумла: Ба андозсупорандагони қарздор дар ин давра 2372 адад ба маблағи 56 млн. 582 ҳаз. сомонӣ огоҳномаҳо равон карда шудааст. Аз он ҷумла нисбати шахсони ҳуқуқӣ 1450 адад ба маблағи 46 млн. 564 ҳаз. сомонӣ ва нисбати соҳибкорони инфиродӣ 922 адад ба маблағи 10 млн. 18 ҳаз. ҳаз. сомонӣ огоҳиномаҳо равон шудааст.

Дар соли ҷорӣ маводҳои 969 андозсупорандагони қарздор барои баррасӣ ва қабули қарор ба Раёсати андоз пешниҳод шуда, аз ин ҳисоб 969 қарор ба маблағи 40 млн. 526 ҳазор сомонӣ қабул карда шуд. Аз он ҷумла: 584 адад қарор оиди руёнидани маблағи қарзи андоз аз ҳисоби пули нақди андозсупоранда ба маблағи 6 млн 519,9 ҳаз. сомонӣ, 265 адад қарор оиди бастани суратҳисоби бонкии андозсупорандагон ба маблағи 16 млн. 420,6 ҳаз. сомонӣ, 301 адад қарор оиди боздоштани амалиёти хароҷотии суратҳисоби андозсупоранда, 34 адад қарори маҳдудкунии ихтиёрдории молу мулк мебошад.

Зикр бояд кард, ки аз рӯи қарорҳои қабулгардида, 898 адади он ба пуррагӣ, 71 адад қисман ва ҳамагӣ аз ин ҳисоб ба маблағи 30 млн. 495 ҳаз. сомонӣ бақияи қарзи андозҳо ба буҷетҳои дахлдор ситонида шуда, дар маҷмуъ 71,1 %-и иҷроиши шумора ва 75,2%-и иҷроиши маблағҳои қарорҳои қабулшуда таъмин карда шуд. Инчунин аз ҳисоби 969 адад қарорҳои дар соли 2023 қабул гардида дар соли ҳисоботии 2024 гузашта, иҷроиши 689 адади он таъмин гашта, ба буҷет 24 млн 868 ҳаз. сомонӣ бақияи қарзи андоз ситонида шудааст.

Протоколҳои маъмурӣ

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи Нозироти андоз дар доираи ваколатҳои ба зиммаи мақомоти андоз вогузор гардида ва тибқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати андозсупорандагоне, ки ба ҳуқуқвайронкуниҳои андоз роҳ додаанд, 449 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 1 млн 637 ҳаз. сомонӣ тартиб дода шудааст. Аз ин ҳисоб ба буҷет ба маблағи 1 млн 15 ҳаз. сомонӣ ворид карда шудааст, ки 62%-фоизи иҷроиши ситонидани маблағҳои ҷаримаҳоро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли сипаригашта шумораи протоколҳои маъмурӣ 4 адад зиёд мебошад.

Умуман нисбати шахсони воқеӣ – 158 адад, шахсони ҳуқуқӣ – 10 адад, нисбати соҳибкорони инфиродӣ – 116 адад ва нисбати шахсони мансабдор – 165 адад протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Бақайдгирии давлатии субъектҳои хоҷагидорӣ

Аз тарафи Бахши бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқи ва соҳибкорони инфироди баҳри татбиқи амалии Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқи ва соҳибкорони инфироди» дар соли ҷори як қатор корҳо ба анҷом расонида шудааст. Дар давраи ҳашт моҳи соли 2024 аз æониби бахши баµайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва со³ибкорони инфиродӣ 1641 адад амалиётҳо вобаста ба баµайдгирӣ, воридоти таùироту илова³о ва бар³амди³ӣ, 2157 адад додани РМА ба шаҳрвандон гузаронида шудааст, аз ҷумла:

  • Бақайдгирии давлатии таъсисёбии субъектҳо – 1052 адад.

аз он ҷумла:

-Шахсони ҳуқуқӣ- 96 адад; аз ҷумла гузариш – 17 адад;

-Филиал ва нам. шахсони ҳуқуқии хориҷӣ-0 адад;

-Соҳибкорони инфиродии тибқи Патент ва Шаҳодатномаи бо шартҳои махсус – 839 адад;

(Патент –509 адад ва Шаҳодатномаи бо шартҳои махсус – 330 адад)

-Шаҳодатнома-117 адад.

2). Бақайдгирии давлатии барҳамдиҳии субъектҳо- 589 адад

аз он ҷумла:

– шахсони ҳуқуқи- 22 адад;

– Филиал ва нам. шахсони ҳуқуқии хориҷи-0 адад;

– Соҳибкорони инфиродии тибқи патент ва Шаҳодатномаи бо шартҳои махсус – 396 адад;

(Патент – 257 адад ва Шаҳодатномаи бо шартҳои махсус – 139 адад)

-Шаҳодатнома-171

3). Ворид намудани тағйиру иловаҳо- 410 адад;

-аз он ҷумла:

-шахсони ҳуқуқи-310 адад;

– Соҳибкорони инфиродии – 100 адад;

Доир ба гузариш

Нозироти андоз дар шаҳри Хуҷанд бо назардошти мактуби дастурии Кумитаи андози назди Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба иҷроиши талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №151 аз 31.03.2022., “Дар бораи Қоидаҳои андозбандии фаъолияти соҳибкорони инфиродии дар асоси патент ва шаҳодатнома фаъолияткунанда» як қатор корҳоро ба сомон расонидааст.Аз ҷумла, ба ҳолати 01.09.2024 гузариши соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда ба шахси ҳуқуқӣ 235 адад буда, ин нишондиҳанда 95%-ро ташкил менамояд (283/269*100). Инчунин гузариши соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда ба шаҳодатнома бо шартҳои махсус 1985 адад буда, ин нишондиҳанда 96,7%-ро ташкил менамояд. Гузариши соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда, ба варақаи нави патент 97,6% таъмин гардида ё худ 1520 нафарро ташкил медиҳад. Мутаносибан аз соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда ба шаҳодатномаи умумӣ 55 субъект гузариш намудаанд.

Баҳисобгирии даромадҳо.

Вобаста ба таъмини иҷроиши талаботи моддаи 34-и Кодекси андоз ва мактуби дастурии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №9632/8.1 аз 06.06.2022 «Оид ба тартиб додани санади муқоисавӣ бо андозсупорандагон», аз ҷониби кормандони Нозироти андоз, дар давраи ҳисоботӣ тартиб додани санадҳои муқоисавӣ бо шахсони ҳуқуқӣ 2550 адад – 95 %, бо соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда 2140 адад – 96,8 %, соҳибкорони инфиродии шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолияткунанда 2450 адад – 94,5% ва соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда 2804 адад – 94%-ро дарбар гирифта, бо имзо ва муҳри дутарафа тасдиқ карда шудаанд. Маблағҳои вориднамудаи андозсупорандагон мувофиқи иқтибоси Раёсати молияи шаҳр ва Амонатбонк ҳамаруза ба ҳисобварақаҳои андозии андозсупорандагон тариқи барномаи СМИИА саривақт ворид карда шуда истодаанд. Ҳисобварақаҳои андозии соҳибкорони инфиродии бо шаҳодатнома фаъолияткунанда 100%, шахсони ҳуқуқӣ 100% аз ҳомили электронӣ ба шакли қоғазӣ гирифта шуд.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тавзеҳотӣ

Барои гуруҳи андозсупорандагоне, ки имконияти дастрасӣ ба интернет, ё имконият ва малакаи кофии ба тариқи электронӣ пешниҳод намудани ҳисоботҳои андозро надоштанд, аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Нозироти андози шаҳри Хуҷанд терминали (утоқи) алоҳида ба истифода дода шудааст.

Мавзуъҳои асосии семинар-машваратҳо аз риояи муқаррароти қонунгузории андоз, пардохти бақияпулиҳои андоз, пардохти андозҳои маҳаллӣ, оиди стандартҳои ягонаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, гузариш ба пешниҳоди эъломияҳо тариқи электронӣ, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №151 аз санаи 31.03.2022 ва Фармоиши Раиси Кумитаи андоз дар бораи тасдиқи Кодекси одоби касбии кормандони мақомоти андоз иборат мебошад. Дар маҷмуъ дар 23 семинар – машваратҳо наздик 483 нафар андозсупорандагон иштирок намуда, машваратҳо вобаста ба азнавбаҳисобгирии молу мулки ғайриманкул, замин ва нақлиёт аз шахсони воқеӣ гузаронида шуд. Оиди тартиб додани санадҳои муқоисавӣ, бо андозсупорандагон дар муҳлатҳои семоҳа, нимсола ва солона корҳои фаҳмондаҳӣ гузаронида, пешниҳоди андоз аз даромади шаҳрвандон ва хизматчиёни давлатӣ бо воситаи наворҳои телевизионӣ ва радиои Хуҷанд ба саҳми шаҳрвандон ва андозсупорандагони шаҳр расонида шуд. Инчунин дар фаъолияти ҳаррузаи Нозироти андоз аз тарафи роҳбарият ва кормандони масъули он ба ҳамаи муроҷиаткунандагон вобаста ба саволҳои шифоҳии онҳо сари вақт ҷавобҳои саҳеҳ дода мешавад. Дар давраи ҳисоботӣ ба унвонии Нозироти андоз 1107 адад мактубҳо ворид шуда, шумораи мактубҳои содироти бошад 872 ададро ташкил додааст.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь