Кохи сафед тайи баёнияе эълон кард, ки президенти Америка ба сарвазири Япония гуфтааст, ки Вашингтон омода аст аз худ ва муттаҳидонаш бо ҳар василае дифоъ кунад ва барои ин амр тайёр аст аз аслиҳаи ҳастаӣ истифода барад.
Сарвазири Япония Синдзо Абэ ва президенти Америка Доналд Трамп рӯзи якшанбе дар як муколамаи телефонӣ дар бораи озмоиш атомии Кореяи Шимолӣ сӯҳбат карданд.
Бар асоси баёнияи Кохи сафед, Трамп дар ин гуфтугӯ ба Синдзо Абэ гуфтааст, ки Америка омодааст аз худ ва муттаҳидонаш дар баробари Кореяи Шимолӣ бо истифода аз ҳар гуна силоҳ, ҳамчунин аз аслиҳаи ҳастаӣ, дифоъ кунад.
Вай таъкид кардааст, ки агар Кореяи Шимолӣ ба таҳдидҳои худ идома диҳад Америка аз зарродхонаи ҳастаии дар дастраси худ истифода хоҳад кард.
Кореяи Шимолӣ рӯзи якшанбе як бомбаи гидрогениро бо муваффақият озмоиш кард, ки шашумин озмоиш атомии ин кишвар аст.