Дар ноҳияи Қубодиён 8 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ мешавад, ки маблағи аз худ шуда дар доираи онҳо 11,7 миллион долларро ташкил медиҳад. Дар ин бора аз МИҲД-и ноҳияи мазкур хабар доданд.
Гуфта шуд, ки аз ҳисоби ҳама манбаъҳои сармоягузорӣ ба маблағи 54,2 миллион сомонӣ, ё 65,8 дарсад сармояи асосӣ, ҷалб карда шудааст.
Қайд гардид, ки дар соли 2023-юм аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ 11 лоиҳаи сармоягузорӣ, ки барои грантҳои қарзӣ пешниҳод карда шудаанд, дасгирӣ ёфтаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давалтии кишвар бунёди 129 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирфита шудаанд, ки дар соли 2023-юм 42 иншоот бо харҷи 32,1 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст.
Блоки рекламавӣ