Охирон рақиби дастаи “Истиқлол” дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё маълум шуд. Чорумин дастаи иштирокчӣ дар гурӯҳи “А”, ки дар он дастаи “Истиқлол”-и Душанбе қарор дорад, дастаи “Шарҷа”-и Аморати Муттаҳидаи Араб гардид.

Дастаи “Шарҷа”-и Аморати Муттаҳидаи Араб дар рақобати марҳилаи плей-офф бо дастаи «Ал-Завраа» (Ироқ) дидор анҷом дод. Вақти асосии бозии дастаҳо бо натиҷаи мусовии 1:1 анҷом ёфт ва ғолиб дар натиҷаи силсилазарбаҳои пеналтӣ муайян шуд. Футболбозони дастаи “Шарҷа” дар задани пеналтӣ маҳорати хуб нишон дода, бо натиҷаи 6:5 тими “Ал-Завраа”-ро шикаст доданд. Дастаи “Шарҷа” баъди ин пирӯзӣ роҳхати  марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиёро ба даст овард.

Ҳамин тавр, дар гурӯҳи “А”-и мусобиқот дастаҳои «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ), «Ал-Райян» (Қатар), «Истиқлол» (Тоҷикистон) ва «Шарҷа» (АМА) барои баромадан аз гурӯҳ байни ҳам мубориза мебаранд.

Ҳамаи рақобатҳои марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022 дар қисмати ғарбӣ аз 7 то 27-уми апрел бо шеваи мутамарказ сурат мегиранд. Бозиҳои ин марҳилаи мусобиқот дар шаҳрҳои Ар-Риёз (гурӯҳҳои «А» ва «В»), Ҷидда (гурӯҳи «С»), Бурайда (гурӯҳи «D») ва Даммом (гурӯҳи «Е») баргузор  мешаванд.

Дар асоси низомномаи мусобиқа аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC ғолибони панҷ гурӯҳ аз ҳар минтақа, инчунин се дастае, ки дар гурӯҳҳои худ бо натиҷаҳои беҳтар ҷойҳои дуюмро ишғол мекунанд, ба даври 1/8-ниҳоӣ роҳ меёбанд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи “Истиқлол”-и пойтахт соли гузашта низ бозиҳои марҳилаи гурӯҳиро дар Лигаи қаҳрамонҳои осиё дар Арабистони Саудӣ баргузор карда буд. Он мавсим даста то даври 1/8-ниҳоии мусобиқа роҳ паймуда, дар ин давр аз дастаи “Персеполис”-и Эрон ноком шуд ва аз идомаи мусобиқа канор рафт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь