29-юми апрели соли ҷорӣ дар ноҳияи Мир Сайид Али Ҳамадонӣ рӯзи қабули раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо сокинони ноҳияи мазкур баргузор гашт. Дар қабули раис 17 нафар ба роҳбарияти вилоят арзу шикоятҳои худро расонаданд.

Давлаталӣ Саид дар асоси  дастуру супоришҳои Роҳбари давлат барои шунидани арзу шикояти сокинони  ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  ба ноҳияи мазкур сафарӣ кори анҷом дод. Дар ин бора аз ҳукумати вилояти Хатлон хабар доданд.

Ба иттилои ниҳоди мазкур дар қабули раиси вилоят 17 нафар арзу шикояти худро расониданд.

Шаҳрвандон доир ба масъалаҳои расонидани кумаки молиявӣ ба оилаҳои ниёзманду серфарзанд, ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, қитъаи замин барои сохтмони мактаб, сохтмони бунгоҳи тиббӣ, кашидани хати оби нӯшокӣ, иваз намудани симчубҳои кӯҳна, тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо ва дигар масъалаҳои рӯзгор муроҷиат карданд.

Раиси вилоят баъди муроҷиати шаҳрвандон ба масъулони вилоятиву ноҳиявӣ барои иҷрои масълаҳои зикршуда супоришҳо дод. Ҳамчунин  дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари Давлат,  ба маъюби гурӯҳи якум Қурбонбӣ Шарипова, ки дар зери нигоҳубини хоҳараш қарор дорад, дар рӯзҳои наздиктарин дар манзили зисташон бо кӯмаки дастҷамъиӣ ба сохтмони хона оғоз мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь