Дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва Вазорати молия дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ сохтмони бинои замонавии Раёсати Вазорати молияи дар ноҳия оғоз гардидааст.

Сардори Раёсати Вазорати молияи дар ноҳияи мазкур Қадамшо Расулзода ба “Фараж” иттилоъ дод, ки корҳои сохтмонии бинои нави Раёсати Вазорати молия дар ноҳияи Ҳамадонӣ аз аввали 2024-ум оғоз гардида, дар назар аст, ки бино то охири соли ҷорӣ мавриди истифода қарор дода шавад.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур аз се ошёна иборат буда, дар маркази ноҳия ҷой дорад. Баъди ба истифода додани бинои мазкур барои кормандони молияи ноҳияи Ҳамадонӣ ҳама шароити корӣ муҳайё мегардад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь