Дар майдони Исмоили Сомонии шаҳраки Москваи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо иштироки даъватшавандагон, падару модарон, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, намояндагони коммисарияти ҳарбӣ ва сокинони ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия  ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи даъватшаванда” баргузор гардид.

Раиси ноҳия Одиназода Бозоралӣ  суханрони карда қайд кард, барои ҷавонон хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ муҳимтарин мактаби мардонагӣ мебошад.

Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон сабақи шуҷоату мардонагӣ гирифта, муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомӯзанд.

86 ҷавонписар барои хизмат ба Ватан гусел карда шуданд, ки 4 нафарашон ихтиёриёни ҳизбӣ мебошанд.

Дар охири чорабини ҳунармандони Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимов бо суруду таронаҳои дилошуби худ хотири ҷамъомадагонро шод гардониданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь