Имрӯз дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо ширкати сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода 8 иншоот ба истифода медишавад.

Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур хабар доданд, ки зимни ин сафар сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода аз рафти корҳои сохтмонии роҳҳо дидан намуда, дар ба истифода додани нуқтаи маркази хизматрасонӣ, корхонаи истеҳсоли халтаҳои полиэтиленӣ, 2 майдончаи  варзишӣ, маркази хизматрасонӣ ва савдо, маркази саломатӣ ва дигар иншот ширкат мекунад.

Хабар дода шуд, баъди мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур зиёда аз 60 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таьмин мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь