Дар ду рӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ чанд садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки боиси ҳалокати ду пиёдагард, як ронанда ва як мусофир гардидааст. Пиёдагардон ноболиғон будаанд, ки аз беэҳтиётии ронандаҳо ба фалокат дучор шудаанд.

22-юми ноябри соли 2017, тахминан соати 18:30, ронандаи автомашинаи тамғаи “ГАЗ-66” Сайдалиев Исмоил Манонович, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Ховалинг, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ховалинг ба самти шаҳри Кӯлоб дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Даҳана, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Абдулҳақова Моҳру Саймудасировна, соли таваллудаш 2001, сокини шаҳри Кӯлобро пахш кардааст. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

23-юми ноябри соли 2017, тахминан соати 10:30, ронандаи автомашинаи тамғаи “Форланд” Ҷалилов Раҷабмурод Кароматуллоевич, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Ваҳдат-Норак-Данғара, дар ҳудуди шаҳри Норак аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар канори роҳ ба кӯҳпораҳо бархӯрдааст. Дар натиҷа худи ронанда ва мусофири он Ҷалилов Шамсулло Кароматуллоевич, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Ваҳдат, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.

23-юми ноябри соли 2017, тахминан соати 18:30, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес Бенс” Тоиров Абдулаҳад Расулович, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Конибодом, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Ҷураев Ҷӯрабой Абдурозиқович, соли таваллудаш 2005, хонандаи синфи 6-уми МТМУ №38, сокини шаҳри мазкурро пахш кардааст. Дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ, Ҷӯраев Ҷ. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Таҳқиқи ин ҳодисаҳо давом дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь